Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

Пешояндҳои дар рӯи, ба рӯи, бар рӯи, аз рӯи вобаста ба маънои грамматикӣ ва луғавии ҷузъҳои онҳо худ тобишҳои ҳархелаи масоҳагиро ифода менамоянд: Хизматгор чой, дастурхон ва як табақ қазии яхниро бо корд оварда, ба рӯи сандалӣ ниҳод (С. Айнӣ, Марги судхӯр). Ҳамири қийёмӣ бар рӯи лаълии тахтагӣ кашонда шуд (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Ман ӯро ба даруни меҳмонхона дароварда хобондам ва худам ба рӯи суфа баромадам (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Дар рӯи карнайчаҳо гулпартой кард (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид). Инҳо дар рӯи рег оромтар ва осонтар медавиданд (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Иқбол-хола дар рӯи кат ду-се кӯрпачаро болои ҳам партофта... ба чокдӯзӣ машғул шуд (Ф. Муҳаммадиев, Одамони кӯҳна). Он ҷо як ҷавони чӯпоннамо бар рӯи харсанге нишаста, худ таронаеро замзама мекард (Р. Ҷалил, Шӯроб). Дар рӯи косаҳо равғани маска об шуда, парча-парча лаппида ялаққос мезад (Ф. Муҳаммадиев, Одамони кӯҳна).

Пешоянди аз рӯи... Мувофиқ будани амале ва ё ҳолатеро ба чизе, вазъияти муқарраршударо нишон медиҳад, инчунин сабаби воқеъ шудани амал ва ҳолатро мефаҳмонад.

Тамоми файзу баракат ва иқтидори обҳои мо аз рӯи як нақшаи муайяни давлатӣ ба манфиати халқ ба хизмати дигарон кардани табиат тобеъ карда шудаанд (А. Деҳотӣ, Чӯли лабташна, шунав оби равон меояд). Аз рӯи одат соҳиби хона дар пеши меҳмонҳо бояд дар пешгоҳ нишинанд (С. Айнӣ, Марги судхӯр). Онҳо аз рӯи эҳтиёт нӯгҳои ресмонро ба яккамеҳҳо кӯртугун карда бастанд (С. Айнӣ, Ғуломон). — Ман, азизам, гапи ҳақро гуфтам, ки ҳар чизро аз рӯи андозаи муқаррарӣ чен карда намешавад (Ф. Муҳаммадиев, Одамони кӯҳна).

Зери... Ин пешоянд бо пешояндҳои аслии ба, дар, аз ва инчунин бе онҳо ҳам ба кор бурда мешавад. Ин пешоянд предмете ва ё ҷоеро нишон медиҳад, ки амал ва ё предмети дигар дар таги он воқеъ мегардад:

Сабза ва майсаҳо бошанд, дар зери рег тамоман нопадид гардида буданд (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Баъзеҳо дар рӯи реги нарм дароз кашида ва баданашонро дар зери офтоби баҳорӣ тофта ёзиданд (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Вай ба зери девор лӯнда шуда афтод (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ). Об аз зери чӯй бо дулчаҳои чархи парраҳояш чор-панҷ метрӣ бароварда мешуд (А. Деҳотӣ, Чӯли лабташна, шунав, оби равон меояд).

Пешоянди дар зери ба маънои маҷозӣ омада, ҳолат ва ё вазъиятеро нишон медиҳад, ки касе ва ё чизе бо он вобаста бошад: Рафта кори ҳашарро дар зери роҳбарияти қозии Ғиждувон тамошо кунад (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Гуфтугузори ин дӯсти наздикро дар зери назорат гирифтам (С. Айнӣ, Ёддоштҳо).

Пешояндҳои зери, дар зери, аз зери бештар дар нутқи

пешина
аз 457
навбатӣ