Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

Болои... Ин пешоянд ҳам бо пешояндҳои аслии ба, дар, бар, аз ҳам бе онҳо кор фармуда мешавад:

Пешоянди болои... предмете, касе ва ё ҷоеро нишон медиҳад, ки дар болои он ягон предмете, касе ва ё чизе вуқӯъ дорад, инчунин равона кардани амалеро ба болои предмете ва ё ҷое мефаҳмонад: Растаи толор рафта ба як айвончаи зебои гачкорӣ мепайваст, ки болои ин айвонча як болохонаи айвончадор буд (С. Айнӣ, Ёддоштҳо).

Пешояндҳои дар болои, ба болои, бар болои, аз болои маънои аслии луғавии худро нигоҳ дошта, тобишҳои ҳархелаи масоҳатии вобаста ба маъноҳои пешояндҳои аслие, ки бо ҳамроҳии онҳо меоянд, ба худ мегиранд:

Дар болои ду чорпоячай гардишӣ кураҳои муҷассамаи замину осмон меистоданд (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Ба замини кулба як бӯрё ва дар болои вай пӯстаки мӯйҷояш рехташуда буд (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид). Ҳашарчиён ба болои хоктӯдае баромаданд (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Ба болои абрӯи чапаш як холи сиёҳи калон дошт (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ). Болохона ва айвончаи болои дар болои айвончаи зерин ва хонаи роҳравмонанд бино ёфта буданд (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Аз болои ҷомаҳои серпахтаи қабат ба қабат... як чакмани моҳути осмониранг пӯшида менишаст (С. Айнӣ, Марги судхӯр). Отряд аз болои деҳа ба тарафи болои рӯд нигоҳ карда асп давонид (С. Айнӣ, Ғуломон). Мо аз болои теппаҳо, аз болои шаҳристони қадимаи тоҷикон ба шаҳри имрӯзаи Панҷакент назар кардем (Ҷ. Икромӣ, Сафар кардан, ҷаҳон дидан...).

Ин пешояндҳо низ маънои маҷозӣ дошта, объекти гуфтугӯ ва ё фикр ва ё амал ва инчунин сабаби амалро мефаҳмонанд: Гап дар болои ба гардани онҳо бор кардани ин пул ва қарздор кардани онҳо меравад (С. Айнӣ, Марги судхӯр). Рафта ба оқсаққоли қишлоқ аз болои онҳо шикоят кунем, моро балвогар намуда пеш мекард (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид). Ин шӯру ғавғо бар болои нонрезаҳо буд, ки мактабдор аз ҳалвои ман ба бачагон бахшиш карда буд (С. Айнӣ, Мактаби кӯҳна). Сухан ба болои радду бадали мансабдорон ва ҳокимони вилоят омад (С. Улуғзода, Восеъ).

Пешоянди ба болои ба маънои илова ба ин, ба туфайли ин низ кор фармуда мешавад: Дӯконам танг, молам кам, ба болои ин, ҳамаи молҳоям «касмахару касмаёб» (С. Айнӣ, Марги судхӯр). Ба болои ин, ҳаммом ягон сӯрохи ҳавобаро надошт ва ҳар чӣ ҳавое, ки аз дари пасти берун медаромад, то ба гармхона мерасид (Ҷ. Икромӣ, Духтари оташ).

Рӯи... Ин пешоянд ҳам алоҳида ва ҳам бо пешояндҳои аслии дар, ба, бар, аз кор фармуда мешавад.

Ин пешоянд предмете ва ё касеро, ки дар сатҳи предмете ва ё ҷое воқеъ гардидааст, нишон медиҳад, инчунин амалеро, ки ба сатҳи предмет ва ё ҷое нигаронда мешавад, нишон медиҳад.

пешина
аз 457
навбатӣ