Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

Синоними пешоянди наздики... наздикии пешоянди қариби... қарибии мебошад. Дар қарибиҳои Шӯрча мо бо поезди почта... расида гирифтем (Ҷ. Икромӣ, Сафар кардан, ҷаҳон дидан).

Пушти... Ин пешоянд ҳам мустақилона ва ҳам бо пешояндҳои аслии дар, ба, аз кор фармуда мешавад. Вобаста бо семантикаи феъл ва ё маънои умумии ҷумла пешоянди пушти ва намудҳои он воқеъ гардидани предмете ва ё касе, ки дар паси ягон предмети дигар мебошад ва ё нигаронидани амалеро ба паси предмете ё ҷое ифода менамояд.

Дар пушти меҳмонхона як рӯи ҳавлии васеи соботнок буд (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Дар ин ҷо — дар пушти оғил ва собот ду хонаи чӯбкории ба ҳам рӯ ба рӯ бино ёфта буданд (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Баъд аз ба хона даромада нишастани шумо ман ба пушти дари боло омада, аз таркиши дар нигоҳ карда ам ва дар равшании чароғ шуморо шинохта хотирҷамъ шуда ба хона даромадам (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Қорӣ-ишкамба аз пушти чӯт чизеро гирифта, ба даҳонаш андохт (С. Айнӣ, Марги судхӯр). Аз пушти ман шумо медароед.

Синонимҳои пешоянди пушти пешояндҳои ақиби, паси, қафои, паи, дунболи ҳам мустақилона ва ҳам бо пешояндҳои аслии дар, ба, аз кор фармуда мешаванд: Моҳ рухсори хеш пинҳон кард — Дар паси абрҳои дудолуд (А. Қаҳҳорӣ, Шаби пеш аз март). Қишлоқи Гулистон дар паси теппаҳои баланду паст ҷо гирифта буд (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ). Офтоб аз паси кӯҳҳои баланд, ки дар уфуқи дури водии Ҳисор девор шуда буданд, бо шукӯҳ ва тантанаи зиёде баромад (Ҷ. Икромӣ, Интизорӣ). Вагонҳои бисёре аз паси паровоз қатор шуда буданд (Ҷ. Икромӣ, Сафар кардан, ҷаҳон дидан). Ман ғарқи тамошои ҷанҷоли бозори ғӯза будам, ки касе аз паси сарам оҳистакак дошт (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Гулрӯ... ба қафои чархи ароба аввал модарашро пинҳон карда, баъд аз паҳлӯи ӯ ҷой гирифт (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид). Асп, рамидаву ваҳмида, аввал ба ин сӯву он сӯ, сониян аз қафои гурезагони дигар тохт (Р. Ҷалил, Шӯроб). Афандӣ ҳар чанд аз паи онҳо давида таваллову зорӣ кард, онҳо гӯш надода, гурехта рафтанд (Латифаҳо). Худаш ҳам аз дунболи бачагон... давид (Латифаҳо). Хезед, бародар, аз дунболи ман равон шавед (С. Айнӣ, Марги судхӯр). Дар пеши дари ҳамсоя ба ақибаш, ба тарафи ялангии қишлоқ назар андохт (Ҳ. Карим, Оқ-шуда). Хола «вай, ман мурам!» — гӯён аз ақиби хоҳарзодааш давид (Ҳ. Карим, Дар ЗАГС).

Пешояндҳои паси, паи, ки маънои луғавиашон бо пайдарҳамӣ ва мунтазамӣ вобаста мебошад, муносибатҳои замониро ифода мекунанд: Дақиқа аз паси дақиқа, соат аз паи соат, рӯз аз паси рӯз мегузарад (Ф. Муҳаммадиев, Дар он дунё).

пешина
аз 457
навбатӣ