Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

ҳам менамуданд (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Агар дар пеши Ҷамила ягон кас мебуд, ман ҳам мерафтам (Р. Ҷалил, Шӯроб). Дар пеши дарвоза амакаш моро пешвоз гирифт (С. Айнӣ, Ёддоштҳо).

Пешоянди аз пеши... гузаштани амале ва ё предметеро аз наздикии ягон ҷое ва ё предмете нишон медиҳад: Роҳе, ки аз пеши ҳавлиҳои мо мегузарад, он аст (Латифаҳо). Мо аз пеши бинои зебои Банки давлатӣ гузашта, ба Академияи фанҳои республика рафтем (А. Деҳотӣ, Як қитъа замини пойтахти мо).

Ҳузури... муродифи пешоянди пеши..., ба ҳузури...— ба пеши..., дар ҳузури..., дар пеши... мебошад, лекин ин пешояндҳо тобиши услубии ба худ хос доранд, онҳо одатан бо исмҳои мансуб ба шахс ва ҷонишинҳо омада, эҳтиромро ифода мекунанд: Ва Фирдавсиро вай ба ҳузури султон бурд ва ба назми «Шоҳнома» маъмур кунонид (С. Айнӣ, Дар бораи Фирдавсӣ ва «Шоҳнома»-и ӯ). Аммо расму одат дар ҳузури каси бегона ба ин иҷозат намедод... (С. Улуғзода, Восеъ).

Назди... синоними пешоянди пеши... (ба назди — ба пеши..., дар назди — дар пеши; аз назди — аз пеши...) мебошад.

Ин пешояндҳо бештар ба нутқи китобатӣ хосанд.

Вай ҷаҳида хесту назди машина омада истод (П. Толис, Дар лаби дарёӣ). Дар назди бобо дастурхони пур аз нозу неъмат кушоданд (Р. Ҷалил, Ҳикояи Бобо Барот). Баъд ба наздат меоям (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид). Раҳимҷон ба назди чархи калон гузашт (П. Толис, Дар лаби дарёӣ). Аз назди хатти роҳи оҳани то доманаи кӯҳҳо баҳри васеи алаф бо тамоми зебоии худ паҳн гашта буд (П. Толис, Бародарон). Зану шӯи ҷавон аз саҳро, яке аз назди сеялка ва дигарӣ аз назди трактор ба хона «ҷангӣ» шуда омаданд (Р. Ҷалил, Номус).

Наздики...//аз наздики ҳам мустақилона ва ҳам бо пешояндҳои ба наздики.... дар наздики... истеъмол карда мешавад. Ин пешояндҳо мувофиқи маънои луғавиашон ба пешояндҳои пеши... ва назди... монандӣ дошта, равон шудан ва ё воқеъ гардидани предмете ё амале назди предмете ва ё ҷое, инчунин иҷро шудани амали қариби вақти муайянро мефаҳмонанд. Ҳавлии Юсуф-амак дар наздикии дарёе воқеъ шудааст (П. Толис, Барг). Аммо ду касе, ки моро пешвоз гирифта ба хона дароварда буданд, дар наздикии мо нишастанд (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Наздики офтобшинам ба Душанбе расиданд (С. Улуғзода, Восеъ).

Ба маънои равона шудани амал ба касе ин пешоянди номӣ аз қадим боз кор фармуда мешудааст: Чу наздики Нӯширвон омаданд — Ҳама якдилу якзабон омаданд (Фирдавсӣ). Фиристодаро гуфт: «Бархезу рав — Ба наздики он марди бемоя шав» (Фирдавсӣ).

пешина
аз 457
навбатӣ