Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

ТаҳсилотМаориф
Аз аввал хондан

б) сабаби воқеъ гардидани ягон амал ва ё ҳолате: Лоиҳаи стансия ҳам сохта шуда буд, аммо ба сабаби ҷанг ин корро хобонда буданд (С. Улуғзода, Навобод).

Маъно ва кор фармудани пешояндҳои номӣ бо семантикаи феъл, исме, ки ҳамроҳи пешоянд омадааст ва инчунин бо маънои луғавии пешоянд вобаста аст. Чунончи, пешояндҳои рӯи..., дар рӯи..., ба рӯи... муносибатҳои масоҳатиро ифода намуда, одатан бо исмҳое, ки мафҳуми сатҳро ифода мекунанд, меоянд, масалан, рӯи об..., дар рӯи замин ва ё пешояндҳои даруни..., ба даруни..., дар даруни... бо исмҳое, ки ҷой ва ё предмети аз ҳар тараф маҳдудбударо нишон медиҳанд, кор фармуда мешаванд. Масалан, даруни қалъа, ба даруни сандӯк. Пешояндҳои сӯи..., ба сӯи..., ва ё тарафи..., ба тарафи... одатан бо феълҳое кор фармуда мешаванд, ки ҳаракат ва ё равона шудани ягон амалеро ба чизе ё ба касе ифода мекунанд.

Қисми бештарини калимаҳои мустақилмаъное, ки ба вазифаи пешоянд истеъмол мешаванд, дорои маънои масоҳатӣ буда, муносибатҳои масоҳатӣ ва замониро, ки ба ҳамдигар алоқаманд мебошанд, ифода мекунанд. Ба тарзи инкишофи минбаъда пешояндҳои номие, ки сӯӣ, сатҳу канор, макону замон, ибтидо ва интиҳои амалро мефаҳмонанд, маъноҳои дигари ғайримасоҳатӣ, яъне сабаб, мақсад, шабоҳат, ҳамроҳӣ, воситаи иҷро, тарзи амал ва ғайраро пайдо мекунанд:

а) Пешояндҳои номие, ки асосан муносибатҳои масоҳатиро ифода мекунанд:

Пеши... ҳам бо пешояндҳои ба, дар, аз кор фармуда мешавад ва ба сӯи касе ва ё предмете равона будани амалро мефаҳмонад: Агарчӣ ҷарроҳро пеши бемор баровардан мумкин
нашуд, беморро пеши ҷарроҳ фуроварданд (С. Айнӣ, Дохунда);

нисбат доштани ягон амал ва ё вазъияте ба предмете ва ҳодисае: Ҳама шоҳаншоҳони оламгир, — Пеши ҳашмаш буданд зору фақир (А. Деҳотӣ).

Пешояндӣ ба пеши... равона шудани амалро ба сӯи, ба наздики предмет мефаҳмонад:

— Ҳеҷ касро ба пеши ман нагузор, — гуфтанд (С. Айнӣ,
Ёддоштҳо). Бозор... ин роҳафтодаро бардошта ба пеши даре,
ки вай нишон дода буд, расонида дуо гирифт ва боз аз дунболи рама расида ба роҳи худ давом кард (С. Айнӣ, Дохунда). Бозор бо ин гуна муҳокимаҳои хирадмандона ором гирифт ва дасту рӯи худро бо оби сарди Дарғам шуста ба пеши рафиқони худ боз омад (С. Айнӣ, Дохунда).

Пешояндии дар пеши... ба воқеъ гардидани предмет ва ё
амал дар наздикии касе ва ё предмете ва ё қисми пешу ҷое
ишора мекунад: Дар пеши ин хона... суфаи баланде ҳам буд
(С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Дар пеши ин тӯдаҳои одамони бехонумонгардида порчапалосҳо, кӯрпа-болиштҳо ва дегу табақҳо

391

пешина
аз 457
навбатӣ