Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

а) пешояндҳои номии изофӣ; б) пешояндҳои номии таркибии изофӣ. Азбаски дар забони ҳозираи тоҷик ин ду гурӯҳ пешоянд баробар истеъмол мешавад, ҳар ду гурӯҳро якҷоя дида баромадан мумкин аст. Дар пешояндҳои таркибӣ маънои грамматикии пешоянди аслӣ бо маънои луғавии пешоянди номӣ зич вобаста мебошад, пешоянди номӣ маънои пешоянди аслиро аниқтар ва пурратар менамояд. Чунончи, пешоянди аслии ба мафҳуми умумӣ ва абстрактии равона кардани амалеро ба сӯи ифода менамояд, агар ин пешоянд бо пешоянди номӣ пайваст шавад, баъд маълум мегардад, ки амал ба кадом самт ва ё нуқтаи предмет равона карда шуд, яъне пешоянди номӣ мафҳуми умумии пешоянди аслиро конкрет мегардонад. Масалан, таркибҳои зеринро муқоиса кунед: ба рӯи об, ба зери об, ба даруни об, ба пеши об. Аз тарафи дигар, дар дохили таркиб пешояндҳои аслӣ маънои пешояндҳои таркибиро равшан мекунанд. Масалан, нисбат ба таркиби зеризамин таркибҳои бо пешояндҳои аслӣ ба зери замин, аз зери замин, дар зери замин равшантар ва аниқтар мебошанд. Бинобар ин дар забони адабии ҳозира бештар пешояндҳои номии таркибӣ истеъмол мешаванд ва умуман доираи истифодаи пешояндҳои таркибӣ васеътар шуда истодааст. Ба қатори пешояндҳои номӣ бештар исмҳо ва зарфҳои дорои мафҳуми масоҳатӣ ва замонӣ дохил мешаванд, масалан, ақиб, боло, баъд, байн, берун, дарун, пеш, тараф, сӯй, таг, гирд, назд, қариб, зер, миён ва ғайра, инчунин исмҳои типи: паҳлу, бар, рӯ, даст, пушт, сар, лаб ва ғайра; як қатор исмҳо, ки мафҳуми масоҳатӣ ё замонӣ надоранд, вале бо маънои луғавии худ муносибатҳои гуногуни ғайримасоҳатӣ: ҳамроҳӣ, монандӣ, сабаб, мақсад, мувофиқат, мухолифат ва ғайраҳо ифода мекунанд, ҳамчун пешояндҳои номӣ низ кор фармуда мешаванд: восита, роҳ, муносибат, бора, сабаб, боис, баробар, иваз, бадал, ҳамроҳ ва ҳоказо.

Ба ғайр аз исмҳо ва зарфҳои содда ба пешояндҳо низ исмҳои мураккабу таркибӣ дохил мешаванд: Масалан, гирду пеш: дар гирду пеши; рӯ ба рӯ: дар рӯ ба рӯи; гирду канор: дар гирду канори. Ин пешояндҳо як қисми гурӯҳи пешояндҳои номии таркибӣ мебошанд.

Пешояндҳои номие, ки дорои маънои масоҳатианд, дар натиҷаи инкишофи пайдарпайи забон маъноҳои нави ғайримасоҳавӣ пайдо мекунанд. Чунончи, пешоянди номии таркибии аз болои... якчанд маъноро мефаҳмонад:

а) воқеъ гардидани предмете ва ё амале болои предмете ва ё ҷое; б) равона шудани амале аз болои предмет ба поён; в) воқеъ гардидани амале ба боло ва ё ба дарозии предмете ва ё ҷое, ки ҳамаашон маъноҳои масоҳатианд.

Мисолҳо: аз болои асп афтода монд; малаҳҳо дам ба дам аз зери по ва аз болои сар шуввосзанон парида мегузаранд (Р. Ҷалил, Шӯроб). Роҳи оҳан аз болои кӯпрук мегузарад.

пешина
аз 457
навбатӣ