Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
девбанд). Домулло ба ман ханда кард (С. Айнӣ, Мактаби кӯҳна).
Пешоянди аз ба предмете, ки сабаби ҳолат мебошад, чун ба манбаъ ё сарчашмаи ҳолат муносибат дорад, пешоянди ба бошад, равона шудани амал ё ҳолатро ба предмете, ки сабабгори ин ҳолат мебошад, нишон медиҳад, яъне ҳар як аз ин синонимҳо тобиши ба худ хосро ифода мекунад.
Пешояндҳои сермаъно баъзан чун синоним, аммо дар баъзе маврид чун антоним намоён мешаванд. Масалан, пешоянди аз дар маънои масоҳагиаш дар ифода кардани сарчашма ва ё нуқтаи саршавии амал ва ё ҳаракат антоними пешояндҳои ба ва то мебошад, ки ба нуқта ё пункте расидани амал ва ё интиҳои амалро ҳам дар масоҳа ва ҳам дар замон нишон медиҳанд. Масалан: Аз шаҳр то Розмоз аз ҳуҷраи ман то ҳавлии шумо нест, ки одам як сари қадам рафта ояд (С. Айнӣ, Мактаби кӯҳна). Аз Урганҷ то Тахиятош дар масофаи бештар аз дусад километр роҳи оҳан кашида шудааст (А. Деҳотӣ, Чӯли лабташна, шунав, оби равон меояд!). Аз куҷо меоӣ, ба куҷо меравӣ? — Аз Ворух ба Самарқанд меравам (Р. Ҷалил, Шӯроб). ... Ман аз дасти Азимшоҳ гурехта ба доми амир афтодам, гӯё «аз борон гурехта ба новдон дучор гардидам»... (С. Айнӣ, Дохунда).
Истифодаи пешояндҳои муқобилмаъно (антонимҳо) бо исмҳое, ки дар ибора такрор мешаванд, тасаввуроти пайдарпай ва бефосила будани амалро ба вуҷуд меорад. Чунончи:
Мусофирони мо бо пайраҳаи байни ин ду қаторкӯҳ аввал қад-қади дарёи пурталотуми Бартанг, кӯҳу кӯталҳо, роҳҳои пурхатарро тай намуда, аз манзиле ба манзиле, аз деҳае ба деҳае мерасиданд (Р. Ҷалил, Шӯроб).
Пешояндҳои номии изофӣ
Пешояндҳои номӣ дар системаи пешояндҳо дорои вазифаҳои махсусанд. Онҳо, ки аслан калимаҳои мустақилмаъноянд, ба воситаи маънои луғавиашон муносибати синтаксисии байни аъзоҳои ҷумларо аниқ ва пурратар менамоянд.
Пешояндҳои номӣ ба мисоли калимаҳои мустақилмаъно, чун қоида, ҳамаи хусусиятҳое, ки ба исм хосанд, нигоҳ медоранд. Чунончи, онҳо суффиксҳои номӣ, бандакҷонишин, баъзе ҳиссаҳои грамматикиро қабул мекунанд. Пешояндҳои номӣ бо калимаи тобеъшаванда ба воситаи изофат пайваст шуда, бо ин калима якҷоя як воҳиди ва ё таркиби яклухти ҷудонашавандаи лексикию морфологиро ташкил мекунанд.
Ибораҳо бо пешояндҳои номии изофӣ ду хел намуд доранд:
а) ҷузъи номӣ+изофат+исм: пеши мактаб; ва б) пешоянди аслӣ+ҷузъи номӣ+изофат+исм: дар пеши мактаб.
Пешояндҳои номии изофӣ ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор