Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

Ва ё кор фармудани пешояндҳои ба ва бо ба ҷои якдигар барои нишон додани воситаи иҷро ё тарзи амал: — Ба ҳар ҳол мову шумо бояд шукр кунем, ки ба пои худ мегардем... Соли гузашта маро ҳам аз худи Қӯрғонтеппа ба занбар хобонда ба ин тараф оварда буданд, баъди табобати якмоҳа ба даст асо гирифта ба пои худ даромада рафтам (А. Деҳотӣ, Чашмасори давоҳои мӯъҷизавӣ). Саг ба оҳистагӣ аз ҷояш хест (С. Айнӣ, Ғуломон). Туркман гӯё ки табассум мекарда бошад, аз байни лабҳои сиёҳтобаш дандонҳои сафеди худро намоён карда бо ҷиддияти тамом, бо овозе, ки аз аввалиаш ҳам ҳайбатноктар буд, гуфт (С. Айнӣ, Ғуломон).

Пешояндҳои ба ва барои низ барои нишон додани мақсад чун синонимҳо истифода бурда мешаванд. Чунончи: Ба об омадам (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ). Аҳмад-махдум ба ин ҷо барои дамгирӣ меомад (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Аз бароят ҷон диҳад инсон агар, арзанда аст — Синаро созад ба ҳифзат гар сипар, арзанда аст (М. Турсунзода).

Синоними якдигар будани пешоянди ба//дар, ба//бо, ба//барои ҳодисаи таърихӣ мебошад. Ин боқимондаҳои протсесси дуру дарозии инкишофи забонӣ, ки то замони ҳозира маҳфуз шуда меоянд. Кор фармудани пешоянд — пасоянди қадим андар//дар — барои нишон додани сӯи амал дар баробари пешоянди ба дар асарҳои адабиёти классикӣ ва инчунин дар адабиёти асри XIX ҳам ба таври васеъ дида мешуд.

Инчунин ба ҷои якдигар кор фармудани пешоянди ба ва дар ба шеваҳои маҳаллии ҳозира ва ба адабиёти даҳоникии халқ низ хос аст.

Дар забони адабии ҳозираи тоҷик чун норма муайян карда шудааст, ки барои ифода кардани макони воқеъ гардидани амал пешоянди дар кор фармуда мешавад, барои ифодаи сӯи амал бошад пешоянди ба. Инчунин барои нишон додани тарзи амал ва ё воситаи иҷрои амал, чун қоида, пешоянди бо-ро ба кор мебаранд.

Маънои асосии пешояндҳои синонимии гурӯҳи «б» як мебошад, вале дар вақти кор фармудан тобиши гуногуни маъноӣ ва услубӣ пайдо мекунанд. Масалан, пешояндҳои аз ва бо дар ифодаи сабаби ба вуҷуд омадани амал, ҳолат ё ягон ҳиссиёт. Мисолҳои зеринро муқоиса кунем: Бо дидани нони гарм оби даҳани Шокир, ки хеле гурусна буд, чакида омада бошад ҳам, ба нон даст дароз намекард (С. Айнӣ, Ғуломон). Сару рӯй ва дасту поҳошон аз зарби чӯбу қамчин сиёҳ, хуншор буд (С. Айнӣ, Ғуломон).

Пешоянди бо сабаберо нишон медиҳад, ки он гӯё ба ҳамроҳии худ оқибатеро ба вуҷуд меорад, пешоянди аз бошад, сабабро чун сарчашмае нисбат ба оқибати минбаъда ифода мекунад. Пешояндҳои аз ва ба дар ифода намудани сабабгори амал ва ҳолат (ҳиссиёт) инчунин синоним мебошанд. Аҳмад аз ҳикояи ин кас беихтиёр хандид (С. Айнӣ, Аҳмади

пешина
аз 457
навбатӣ