Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
Пешоянди то ба муносибатҳои масоҳавӣ ва замониро ифода намуда, интиҳои равона кардани амал ба ягон сӯй ва замонро нишон медиҳад: Халқ бурдааст роҳи оҳанро то ба шаҳри ман (М. Турсунзода). Баъд беморро ба он ҷо кӯчонида болояшро то ба кифташ бо кӯрпа пӯшонид (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ). Хайрият омада мондед, тағоиҷа, биёед, мана то ба ҳавлии оймулло бурда монед (Ҷ. Икромӣ, Духтари оташ).
Пешоянди то ба барои нишон додани интиҳо ва ё ҳадди охирини ҳодиса ва ё ҳолат истеъмол карда мешавад: Наход ки кас то ба ҳамин дараҷа монад?! (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ).
Пешояндҳои ба ҷуз // чуз аз истисноро мефаҳмонанд: Вай ба ҷуз як ҷуфт барзагов ва як таноб замин чизи дигаре надошт (А. Деҳотӣ, Ҳамидаи сиёҳбахт). Давлат ба ҷуз Даша ва Пётр аз санггелонӣ ва ба подоши амал гирифтани таппонча ба касе даҳон накушод (Р. Ҷалил, Шӯроб). Ба ҷуз кӯят ба ҳар шаҳре, ки рафтам,— Маро ронданд нодода ҷавобам (А. Лоҳутӣ).
Муносибати синонимии пешояндҳои аслӣ1
Пешояндҳои аслии забони адабии тоҷик системаи комили воситаҳои грамматикии ёридиҳандагиро ташкил намуда, барои робитаҳои маънии ҳам синонимӣ ва ҳам антонимӣ дар байни якдигар мебошанд. Пешояндҳои гуногуне, ки дар ибораҳои ҳаммаъно муносибатҳои грамматикии якхеларо ифода мекунанд, пешояндҳои синонимӣ мебошанд. Дар забони тоҷикӣ ду намуди пешояндҳои синонимӣ дида мешавад:
а) синонимҳое, ки яке аз онҳо ба ҷои якдигар қариб бе ҳеҷ тобиши иловагӣ кор фармуда мешаванд ва б) синонимҳое, ки дар истеъмоли онҳо вобаста бо маънои асосии пешоянд тобиши маъноии иловагӣ мушоҳида карда мешавад. Чунончи, пешояндҳои ба ва дар ҳар дуяшон барои ифодаи равона кардани амал ба сӯи ягон ҷой ва ё предмет ба тарзи синонимҳои гурӯҳи «а» кор фармуда мешаванд. Масалан, ...аммо аз амир ба номи қозии мазкур муборакнома (фармон) омадааст, ки вай дар тумани Шофирком рафта ба кори рӯдинавбарорӣ роҳбарӣ намояд (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Падарам розӣ шуд, мо ҳар се ба Маҳаллаи Боло рафта рост ба ҳавлии бобоям фуромадем (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Яке аз харҳоро тӯкум карда, дар як хӯрчин нон, обдон ва косаро андохта ба ҳар бор карданд (С. Айнӣ, Ғуломон). Сабадро ба як чуққии дарахт овехта монда, олуҳоро чида ба вай андохтан гирифт (С. Айнӣ, Ғуломон).
1 Шарҳи муносибатҳои синонимии пешояндҳои номие, ки чун қоида бо маънои луғавии ин пешояндҳо вобастаанд, дар боби «Пешояндҳои номии изофӣ» бо рафти баёнот дода шудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор