Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
ба Зарафшон мерехт (С. Айнӣ, Куллиёт). Лекин дар баробари тайёр шудани дон онҳо мӯрумалахвор пайдо мешу-данд (А. Деҳотӣ, Ҷанги одам бо кӯҳсор).
Суффикси -она аз таркибҳои пайвандакдори ҳоли зарфи тарзи амал месозад: беҳолубемадорона, бемайлуҳавасона, ҷус-туҷолокона, хушухурсандона:
...беҳолубемадорона ба девор такя менамуд (Р. Ҷалил, Шӯроб). ...бемайлуҳавасона ҷавоб дод (П. Толис, Ҳикояҳои даҳ сол).
Ҳама хушухурсандона баромада рафтанд (Р. Ҷалил, Ҳи-кояҳо).
Ба зарф гузаштани дигар ҳиссаҳои нутқ
Ба зарф гузаштани дигар ҳиссаҳои нутқ дар забоншиносӣ адвербализация ном дорад. Ба гурӯҳи зарфҳо исм, сифат, феъли ҳол ва таркибҳои исмӣ хеле зиёд гузаштаанд. Ба зарф гузаштани ҳиссаҳои дигари нутқ ду хел воқеъ мегардад: як гурӯҳ калимаҳо комилан ба зарф гузашта, асосан ҳамчун зарф истифода мешаванд, протсесси гузаштани гурӯҳи дига-рашон анҷом наёфтааст, ба зарф мансубият доштани онҳо маҳз дар матн равшан зоҳир мегардад.
Ба зарф гузаштани исм. Ба зарф исмҳое гузаштаанд, ки хусусияти реляттивӣ доранд, асосан маконро ифода меку-нанд. Исмҳо ба зарф комилан нагузашта бошанд ҳам, дар матн ба ин гурӯҳ мансуб будани онҳо равшан мешавад. Дар ин маврид онҳо категорияи дараҷаи зарфро қабул меку-нанд: пештар, қафотар, болотар, поёнтар, дарунтар, берун-тар:
Поёнтар аз остонаи баланди ин дар сӯрохе сохта ҳоҷару-ласвад, яъне санги сиёҳи муқаддасро он ҷо гузоштаанд (Ф. Муҳаммадиев, Дар он дунё). Аз даҳанаи рахна дарун-тар меравед (С. Айнӣ, Куллиёт). Маҳбус болотар нигоҳ карда дид (П. Толис, Повесть ва ҳикояҳо).
Ба зарф гузаштани сифат. Ба зарф гузаштани сифат ба мавқеъ ва вазифаи синтаксисии он дар ҷумла вобаста мебошад. Дар забони тоҷикӣ мисли тез, тунд, сахт, нав, хуб бисёр калимаҳо ҳастанд, ки ҳангоми ба предмет мансуб буданашон сифат ва ҳангоми бар эзоҳи амал омадан зарф ба шумор мераванд. Онҳо ҳамчун сифат дараҷаи қиёсию олӣ (-тар, -тарин) ва ҳамчун зарф танҳо дараҷаи қиёсӣ (-тар) доранд. Ин тарзи истифода боиси он шудааст, ки қисме аз ин калимаҳо маънои нави луғавӣ касб кардаанд. Масалан, калимаи нав ҳамчун зарф маънои ҳозир (нав омад, ҳозир омад), калимаи сахт ба маънои хеле, бисёр, ниҳоят (сахт ранҷид, сахт тарсид), калимаи тез ба маънои зуд, барвақт (тез омад, тезтар), калимаи рост ба маънои рӯ ба рӯ истифода мешавад ва ин калимаҳо бо сифатҳои нав (либоси нав),

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор