Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

Дар он дунё). Мо талабагон дар шабҳои барф ҳам такрори рӯисахнии худро тарк намекардем ва барфи рӯи сангро бо остин, ё бари ҷома рӯфта, бар рӯи санти яхмонанд чорзону ё дузону нишаста, такрор кардан мегирифтем (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Вале модарам дар ҷои нишастагиаш карахт шуда монда, якзайл ба берун чашм меандохт (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Оҳиста-оҳиста якзайл кор кун (Р. Ҷалил, Шӯроб).

  1. Аз исму асоси замони ҳозираи феъл: умрбод, илтиҷоомез, иддаомез:

Падарам аз ӯ умрбод хафа шуд (С. Айнӣ, Куллиёт). — Даша-хола, — илтиҷоомез ӯро ном гирифт Сафар (Ф. Ниёзӣ, Вафо). — Ман ин суханҳои шуморо ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунам, — гуфт кинояомез (С. Улуғзода, Навобод).

Калимасозии омехтаи зарф

Зарфҳо бо усули омехтаи калимасозӣ низ сохта мешаванд. Ин усули калимасозӣ аз усули морфологӣ бо он фарқ мекунад, ки аффиксҳо на аз калимаҳои мураккаб, балки аз ибораҳо калима месозанд. Дар ин усули калимасозӣ суффиксҳои -а, -й (-гӣ) иштирок менамоянд:

  1. Суффикси -а аз ҳиссаҳои гуногуни нутқ зарф месозад:

а) аз шумораву исм: дудаста, дулунҷа, яккаса, чоркаса, дуюмбора:

Духтарон дудаста хеле чобукона пахта мечиданд (Ҷ. Одина, Ҳикояҳо). Ҷавон аспҳоро ягон-ягон кушода, ба ҳар кадоми онҳо бандиёнро дукаса ва секаса бор кардан гирифт (С. Айнӣ, Куллиёт);

б) аз ҷонишину исм: ҳарҷониба, ҳартарафа, чандбора, ҳаматарафа:

Раис ин маълумотро ҳартарафа санҷида баромад (Ю. Акобиров, Замини падарон).

Суффикси -й (-гӣ) аз шумораву исм зарф месозад: дуборӣ, себорӣ, дунафарӣ, якпиёлагӣ:

Баъд аз якпиёлагӣ чой нӯшидан ғазалхонӣ сар шуд (С. Айнӣ, Куллиёт).

Суффикси -ак аз таркиби зӯр ба зӯр зарфи зӯрбазӯракӣ сохтааст:

Бо ҳамон шиками зӯрбазӯракӣ пур кардашуда мехобиданд (С. Айнӣ, Куллиёт).

Суффикси -вор. Ба воситаи суффикси -вор аз ибораҳои изофӣ ва таркибҳо зарфи монандӣ сохта мешавад: аскарисурхвор, баргибедвор, пуштимоҳивор, мӯрумалахвор, падару модарвор:

Асп, чунон ки вараҷаи сахт гирифта бошад, баргибедвор меларзид (С. Айнӣ, Куллиёт). Оби Муғёи новаиосиёвор шорида

пешина
аз 457
навбатӣ