Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
Мардум гурӯҳ-гурӯҳ меомаданд (Р. Ҷалил, Ҳикояҳо). Кӯҳсори Тоиф ҷо-ҷо қуллаҳои паст дошту дара надошт (Ф. Муҳаммадиев, Дар он дунё);
б) сифатҳои такрор: вазнин-вазнин, сабук-сабук, сахт-сахт, тез-тез, осон-осон, бад-бад, кам-кам, гарм-гарм ва ғ.
Муҳаррами Ғарч бо келинча ва дигарон гарм-гарм пурсупос кард (Ҷ. Икромӣ, Духтари оташ). Бемор вазнин-вазнин нафас мекашид (Р. Ҷалил, Ҳикояҳо);
в) шумораҳои такрор: як-як, ду-ду, се-се, чор-чор, якто-якто:
Онҳо ду-ду, се-се ба ҳар тараф гузашта рафтанд (А. Воситзода, Дилоро). Мо чизҳои шахсан ба худашон тааллуқ-доштаро як-як шумурдем (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо);
г) ҷонишинҳои такрор: ягон-ягон, чанд-чанд:
... Он ғазалҳоро ягон-ягон ба ман хонда дод... (С. Айнӣ, Куллиёт). Агар як асои хушшакли моргардан ёфта гирам, азамат ва бузургвории ман боз чанд-чанд меафзояд (С. Айнӣ, Ёддоштҳо);
д) феъли ҳоли такрор: кашон-кашон, давон-давон, рафта-рафта, зада-зада, кӯфта-кӯфта, молида-молида:
... аз гиребонам сахт дошта, кашон-кашон ба кадом як ҷое гирифта бурд (П. Толис, Повесть ва ҳикояҳо). Аз кӯпрук гузашта, давон-давон меомад (Сорбон, Буд, набуд). Ӯро зада-зада бурданд (Р. Ҷалил, Ҳикояҳо);
е) зарфҳои такрор: зуд-зуд, оҳиста-оҳиста, пеш-пеш:
Ситора зуд-зуд пеши ман омада, аз офтобам салом мерасонд (С. Айнӣ, Куллиёт). Босмачиён оҳиста-оҳиста ба деҳа наздик мешуданд (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид). ... як ҷуфт кафш ва масхиро пеш-пеш харида, дар хӯрцин ҷой карда монда буд (С. Айнӣ, Куллиёт).
Зарфҳои мураккаби тобеъ
Зарфҳои мураккаби тобеъ аз ҳиссаҳои гуногуни нутқ сохта мешаванд.
- Аз ду исм: дарёсифат, лайлисон, париамсол:
Эй Ганг, аз чӣ хомӯшӣ,
Аз чӣ дарёсифат намеҷӯшӣ?
(М. Турсунзода, Асарҳои мунтахаб)
- Аз исму шумора: якзайл, дузону, чорзону, якпаҳлу:
Асп якпаҳлӯ шуда дар даруни заҳкаш хобида, бо поҳои пешу қафои худ канори заҳкашро лагадкорӣ мекард (С. Айнӣ, Куллиёт). Дар атрофи он, аз матрацҳои бекорхобида ҷойгоҳи нарме сохтем ва дузону нишастем (Ф. Муҳаммадиев,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор