Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

Яке аз ҷузъҳои зарфҳои мураккаби тобеъ ба дигаре тобеъ буда, онро аз ягон ҷиҳат эзоҳ медиҳад.

Зарфҳои мураккаби пайваст

Зарфҳои мураккаби пайваст ба воситаи садоноки пайвасткунандаи -о-, бо усули такрор сохта мешаванд.

  1. Зарфҳои мураккаби пайваст ба воситаи садоноки пайвасткунандаи -о- аз ҳиссаҳои зерини нутқ таркиб меёбанд:
    а) исмҳои такрор: саросар, лаболаб, паёпай, шабошаб, дамодам, пешопеш, раҳораҳ:
    ...ман дар мобайни чанд рӯз ҳамаи ҳарфҳоро шинохта ва бо ҳам «ҷанг андохта», китоби алифборо саросар бе ёрии муаллим мехондагӣ шудам (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Рӯди Шофирком лаболаб пуроб буд (С. Айнӣ, Куллиёт).

Хулоса, мардумони ҷабрдида,
Паёпай заҳри нодонӣ чашида,
Ҳама аз айшу роҳат дур буданд,
Ғулому бандаву муздур буданд.

(М. Турсунзода, Хазон ва баҳор)

Саросар аз ғазаб лабҳо газиданд,
Ба сӯи душмани малъун хазиданд
(М. Турсунзода, Асарҳои мунтахаб)

б) аз сифатҳои такрор: гармогари, хомохом
Ба сад ҷон дар танӯри ишқ хомохом месӯзем
Лаби дарёи дил оташнишониро намедонем.
(Лоиқ, Резаборон)

в) аз исмҳои гуногун: саропо, сарозер:
Ҷӯйро аз фароз ба нишеб сарозер канда буданд (С. Айнӣ, Куллиёт). ... мо саропо тар шуда будем (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо).

Диле дорам, ки лабрези суруд аст,
Саропо ларзаи амвоҷи руд аст.

(Лоиқ, Резаборон)

Бидидам дар паси кӯҳи Ҳимолой,
Замини сабзу зархезе саропой.

(М. Турсунзода, Асарҳои мунтахаб)

  1. Зарфҳои мураккаби пайваст, ки дар онҳо калимаҳо бевосита такрор шуда омадаанд:
    а) исмҳои такрор: гурӯҳ-гурӯҳ, тӯда-тӯда, ҷо-ҷо, гоҳ-гоҳ, сим-сим ва ғ.
пешина
аз 457
навбатӣ