Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

в) Префикси но- аз исм зарфи сабаб месозад: ноҳақ, ночор, ноилоҷ:

Ноилоҷ ба усто Боқӣ ном ҳамсояам муроҷиат карда, тадбир пурсидам (А. Лоҳутӣ, Асарҳои мунтахаб). Ман ночор розӣ шудам (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Ба пушти ӯ ноҳақ чанд дара заданд (С. Айнӣ, Куллиёт).

Префикси ба-. Префикси ба- каммаҳсул мебошад. Ба воситаи ин префикс аз исмҳо зарфи тарзи амал ва миқдору дараҷа сохта мешавад: базӯр, баҳузур, бароҳат, батафсил, бағоят:

Ҳоло ки аз санҷиши аввалин ба ҷӯйбори обу арақ ғӯтида базӯр баромадам, бинои эътимоди худ ба худ сохтаам рахнаи намоёнаке пайдо карда буд (Ф. Муҳаммадиев, Дар он дунё). Ӯ он латифаро батафсил нақл кард (Ҷ. Икромӣ, Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро). Хизмати он корхона бағоят вазнин буд (Ҳ. Ирфон, Дар кулбаи косибон).

Префикси бар-. Префикси бар- каммаҳсул аст. Ба воситаи ин префикс аз исм зарфҳои замон, миқдору дараҷа сохта мешавад:

Духтарон ин пагоҳ барвақттар ба саҳро баромаданд (Ю. Акобиров, Водии муҳаббат). Хуб шуд, ки бармаҳалтар баромад (Ф. Муҳаммадиев, Палатаи кунҷакӣ). Колхоз плани пахтасупориро барзиёд иҷро кард (Ю. Акобиров, Замини падарон).

Префикси бо-. Префикси бо- сермаҳсул мебошад. Ба воситаи ин префикс аз исмҳо зарфи тарзи амал сохта мешавад: бомуваффақият, босуръат, бодиққат, бошитоб, боизтироб, боэҳтиёт, бошаст.

Шодигул суханони котибро бодиққат гӯш мекард (С. Улуғзода, Навобод). Ҳамдам-фӯрма аз он ҷо бошитоб гузашта рафт (С. Айнӣ, Куллиёт). Автобуси мо бошаст медавид (Ф. Муҳаммадиев, Дар он дунё).

Префикси дар-. Префикси дар- каммаҳсул мебошад. Ба воситаи он аз исм ва асоси замони ҳозираи феъл зарфи тарзи амал сохта мешавад: дарҳол, дартоз, даррав:

Ту дарҳол хеста, милтиқатро гирифта берун баро (С. Айнӣ, Куллиёт). Гулрӯ дартоз омада, ба мо хабар дод (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид).

Префикси то-. Префикси то- бемаҳсул мебошад. Вай танҳо дар таркиби калимаи торафт мушоҳида мешавад, ки аз асоси замони гузаштаи феъл зарфи тарзи амал сохтааст:

Шамол торафт шиддат мекард (С. Айнӣ, Куллиёт).

ЗАРФҲОИ МУРАККАБ

Зарфҳои мураккаб ба ду гурӯҳи калон: пайваст ва тобеъ ҷудо мешаванд. Зарфҳои мураккаби пайваст аз ҷузъҳои баробарҳуқуқ иборат буда, бо тарзҳои гуногун сохта шудаанд.

пешина
аз 457
навбатӣ