Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

сахт (чӯби сахт) ва тез (корди тез) омонимияи лексикию грамматикиро ташкил медиҳанд.

Калимаҳои нав, сахт, тез бо маъноҳои навашон, ки хоси зарф мебошад, ба предмет тобеъ намешаванд, танҳо бар эзоҳи амал ва аломат меоянд.

Сифатҳои аслии дигаре низ ҳастанд, ки бар эзоҳи амалу аломат меоянд ва дар чунин маврид ба категорияи зарф гузашта, танҳо суффикси қиёсии -тар қабул мекунанд: баландтар парид, дуртар рафт, наздиктар омад, бурротар гап зад, нағзтар хонд, хубтар давид, беҳтар навишт, зеботар хонд, нафистар тарошид, бориктар бурид, бисёртар хон ва ғайра.

Калимасозии лексикӣ-синтаксисӣ

Дар забони адабии тоҷик ҳамчун зарф бо ҳеҷ гуна тағйирот истифода шудани таркибу ибораҳо мушоҳида мешавад. Онҳо дар натиҷаи истифодаи дуру дароз ба тағйироти маъной дучор шуда, ҳамчун як калима истифода мешаванд. Чунончи, маънои ҷузъҳои рӯз ба рӯз (торафт), пай дар пай (тадриҷан), сар то сар, сар ба сар (комилан), худ аз худ (ногаҳон, номаълум аст), як ба як (пурра) дар ин маврид маънои аслии худро гум карда, маънои навашон дар натиҷаи таҷассуми онҳо ба амал омадааст:

Даштҳои хорзору мудҳиши пурғору ҷар
Сар ба сар гаштанд боғу бӯстони пурсамар.
(М. Турсунзода, Асарҳои мунтахаб)

Духтари тоҷик, мо хонанда дар тӯи туем,
Шодмон сар то ба по чашме, ки бар сӯи туем.
(М. Турсунзода, Асарҳои мунтахаб)

Ман сар то по чашм гашта, ба сӯи онҳо дӯхта ва ҳама тан гӯш гардида, ба тарафи онҳо дода шудам (С. Айнӣ, Марги судхӯр). Рӯз ба рӯз ҳолаш беҳтар мешуд (С. Айнӣ, Куллиёт). Аҳволаш рӯз аз рӯз беҳтар мешавад (Ф. Муҳаммадиев, Дар он дунё). Давлати хӯҷаин рӯз то рӯз зиёд мешуд (С. Айнӣ, Куллиёт).

Туро соат ба соат қад кашонад,
Ба ҳадди авҷи сарбозӣ расонад.
(М. Турсунзода, Асарҳои мунтахаб)

Вай худ ба худ сурх мешуд, таб мебаровард (Ҳ. Карим, Оқшуда). Соро аз вай пеш аз муомилаҳои бой ба худаш ба

пешина
аз 457
навбатӣ