Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
файтон, мошина, конка, театр, телефон, граммофон, трамвай, завод, электрик, банк, почта барин калимаҳо истеъмол ёфта, бештарини онҳо ба қонуни фонетикии талаффузи онвақтии тоҷикӣ дучор омада, дар шаклҳои маҳаллии худ кор фармуда шудаанд. Масалан: конка — кӯнка, губернатор — губирнотур (гибирнот, губир), консул — кӯнсул, подрядчик — пудратчӣ, станция — истанса ва ғайра.
Дар ин маврид, аз як тараф, агар шакли маҳаллии талаффузи онҳо ба назар гирифта шуда бошад, аз тарафи дигар, хати арабӣ хусусиятҳои фонетикии ин қабил калимаҳоро дуруст инъикос кунонида натавонистаанд. Аз ин ҷост, ки дар адабиёту матбуоти он давра як қатор калимаҳои русӣ-интернационалӣ ба шаклҳои зерин сабт шудаанд: ӯтумӯбил (автомобиль), белат (билет), газита (газета), диплӯм (диплом), кулуб (клуб), компония — кумпония (компания), мағоза (магазин), пӯшта (почта) ва ғайра.
Як гурӯҳи калимаҳои русӣ-интернационалӣ баъдтар низ дар шакли ба талаффузи тоҷикӣ мувофиқ кунонидашуда ба забони адабӣ дохил гардидаанд: самовор, фойтун, патнус, чойник, пудратчӣ, суғурта ва ғайра.
Дар ин масъала муносибати бо забонҳои дигар ба воситаи забони узбекӣ доштаи забони тоҷикиро низ ба назар гирифтан лозим аст. Масалан, ба забони тоҷикӣ талаффузи тоторӣ, туркӣ, озарбойҷонии онвақтаи як қатор калимаҳо, аз қабили кунғира (конгресс), қумита (комитет), обуна (аз абоне-и лотинӣ), суғурта (страхование) ба воситаи забони узбекӣ гузашта, аз инҳо обуна, суғурта дар ҳамин шакл ба забони адабӣ дохил шудаанд.
Давраи советӣ марҳалаи нави ба забони тоҷикӣ дохил шудани калимаҳои русӣ ва интернационалӣ мебошад; ки дар масъалаи иқтибоси калимаҳои русӣ-интернационалӣ аз давраи пешазреволюционӣ ба куллӣ ва принсипан фарқ мекунад. Дар ин давра аз забони русӣ ба забонҳои халқҳои Иттифоқи Советӣ, аз ҷумла ба забони тоҷикӣ, махсусан калимаҳои ифодакунандаи соҳаҳои гуногуни ҳаёти халқи советӣ бештар дохил шуда, бо роҳи калька аз худ кардани онҳо низ хеле авҷ мегирад. Аз забони русӣ ба забонҳои халқҳои СССР асосан советизмҳо ва фонди асосии лексикаи интернационалӣ гузаштан мегиранд ва дар забонҳо тамоюли аз худ кардани лексикаи интернационалӣ пуризӯр мегардад.
Дар давраи советӣ таъсири байниҳамдигарии забонҳо ва аз ҳисоби якдигар бой гардидани онҳо озодона ва бо роҳи табиӣ давом мекунад ва муносибати озодонаи байниҳамдигарии забонҳо торафт инкишоф меёбад.
Умумияти ҳаёти иқтисодӣ, сиёсӣ ва мадании халқҳои Иттифоқи Советӣ воситаи асосии аз ҳисоби ҳамдигар бой гардидани забонҳои онҳо мебошад. Ба ҳаёти пурҷӯшу хурӯши халқҳои Иттифоқи Советӣ рӯз ба рӯз мафҳуму воситаҳои нави

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё