Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
зиндагӣ дохил мешаванд, ки забон низ барои ифодаву инъикоси онҳо калимаву ибораҳои мутобиқро қабул меку- над.
Забони русӣ инчунин забони робитаву ҳамкории байни- ҳамдигарии ҳамаи халқҳои мамлакатамон мебошад. Обрӯю эътибори забони русӣ ҳамчун яке аз забонҳои бонуфузи бай- налхалқӣ рӯз аз рӯз афзуда истодааст. Муваффақиятҳои халқҳои мамлакатамон, навигариҳои ҳаёти социалистии мо пеш аз ҳама дар забони русӣ инъикос меёбанд ва ба воси- таи он дастраси ҳамаи забонҳои миллӣ мегарданд. Ин аст, ки муносибати бо забони русӣ доштаи забонҳои халқҳои бародари мамлакати мо яке аз воситаҳои қонунии тараққиё- ти имрӯзаи забонҳои миллии онҳо мебошад.
Муносибати байниҳамдигарии забонҳоро пеш аз ҳама таркиби луғавӣ муайян мекунад. Таркиби луғавии забони то- ҷикӣ рӯз то рӯз аз ҳисоби лексикаи русӣ-интернационалӣ бой шуда истодааст. Вале ин бойшавӣ ба ҳамаи соҳаҳои лек- сикаи забони тоҷикӣ баробар тааллуқ надорад. Забон аз за- бонҳои дигар пеш аз ҳама калимаҳоеро қабул карда мета- вонад, ки ба онҳо зарурат ва эҳтиёҷ дошта бошад.
Калимаҳои иқтибосии русӣ-интернационалӣ дар қисмати лексикаи илмӣ, техникӣ, ҷамъиятӣ, сиёсӣ, моддӣ-маишӣ ва топонимика бештар дида мешаванд. Масалан: 1. Лексикаи иҷтимоӣ-сиёсӣ: совет, бюро, социализм, депутат, агитатор, партия, коммунизм, пленум, митинг ва ғайра.
-
Лексикаи маъмурӣ: район, республика, директор, бух- галтер, ректор, анкета, орден, билет, паспорт ва ғайра.
-
Лексикаи соҳаи хоҷагии қишлоқ: колхоз, ферма, зве- но, правления, трактор, комбайн, сеялка, агротехника, канал, гидромелиорация, гидролог, агроном ва ғайра.
-
Лексикаи соҳаи маориф ва маданият, санъат ва ада- биёт: педагог, парта, институт, техникум, семинар, доцент, профессор, декан, музей, клуб, цирк, театр, драма, жанр, ро- ман, очерк, повесть, образ, фельетон ва ғайра.
-
Лексикаи соҳаи илм ва техника: формула, теория, гипотеза, оксиген, гидроген, азот, аспирин, пенициллин, счетчик, кнопка ва ғайра.
-
Номҳои асбобҳои рӯзгор: диван, термос, буфет, стол, сервант ва ғайра.
-
Лексикаи соҳаи спорт: волейбол, баскетбол, стадион, теннис, штанга, футбол ва ғайра.
-
Лексикаи соҳаи саноати сабук ва хӯрокворӣ: галстук, пальто, плащ, костюм, туфли, лимонад, гуляш, котлет ва ғайра.
-
Лексикаи соҳаи нақлиёт, алоқа, молия ва иқтисодиёт: автобус, автомобиль, такси, самолёт, троллейбус, почта, телефон, телеграф, аванс, бюҷет, баланс ва ғайра.
Иқтибоси калимаҳои русӣ-интернационалӣ дар марҳалаи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё