Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
бакавул; баъд аз тӯй нагора; дуздро қарақчӣ задааст ва ғайра. Баъзе аз ин қабил ибора ва зарбулмасалу мақолҳо бо роҳи тарҷума ва калька ба забони тоҷикӣ дохил шуда бошанд ҳам, унсурҳои луғавии узбекиашон нигоҳ дошта шудаанд ва онҳо тамоман аз худ шуда рафтаанд.
в) Лексикаи забони русӣ ва интернатсионалӣ,
ки ба воситаи забони русӣ ба забони тоҷикӣ
дохил шудааст
Дар забони тоҷикӣ кор фармуда шудани калимаҳои русӣ асосан пас аз ба Россия ҳамроҳ шудани Осиёи Миёна сар мешавад. Ин процесс дар натиҷаи барқарор шудани муносибатҳои гуногуни иҷтимоӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва мадании халқҳои рус ва тоҷик вусъат пайдо мекунад. Дар охирҳои асри XIX ва ибтидои асри ХХ корҳои тиҷоратии Осиёи Миёна бо Россия авҷ мегиранд, якчанд корхонаҳои нав сохта шуда, дар соҳаи маорифу маданияти сарзамини мо, хусусан дар ҷойҳое, ки тарзи ҳукуматдории европоӣ ҷорӣ гашта буд, дигаргуниҳо ба миён меоянд. Ҳамчунин як силсила калимаҳои русӣ ва хориҷии русишуда ба забони асарҳои адабӣ ва таърихӣ роҳ меёбанд.
Дар асарҳои адабӣ ва таърихӣ кор фармудани калимаҳои русӣ аз Аҳмад Махдум сар шуда, бо инкишофи ҳаракати маорифпарварӣ ва демократӣ пурзӯр мегардад. Калимаҳои русӣ ва хориҷии русишуда дар осори пайравони Аҳмад Махдум сар шуда, бо инкишофи ҳаракати маорифпарварӣ ва демократӣ пурзӯр мегардад. Калимаҳои русӣ ва хориҷии русишуда дар осори пайравони Аҳмад Махдум — Мирзо Сироҷи Ҳаким, Асирӣ, Айнӣ ва ғайра истеъмол шудан мегиранд.
Зиндагӣ талаб мекард, ки навигариҳои ҳаёти иҷтимоӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, маданӣ ва ғайра дар забон инъикос ёбанд. Барои ифодаи чизҳои наве, ки ба зиндагии халқи тоҷик до-хил мешуд, материали луғавӣ лозим буд. Вале материали лу-ғавии мавҷуда ин навигариҳоро айнан ифода карда намета-вонист. Барои ин ки асли мафҳуми предмету ҳодисаҳои на-ви ҳаётиро фаҳму шуури одамон дуруст дарк намояд, таби-ати забон ҳамчун воситаи асосии мубодилаи афкор тақозо мекард, ки барои инъикосу ифодаи ҳодисаҳои нав калимаву ибораҳои худӣ ёфта шаванд, ё онҳо бо номҳои аслии дар за-бонҳои дигар мавҷудаи худ мубодилаи мардумро таъмин кар-да тавонанд. Ин аст, ки чӣ дар забони хаттӣ ва чӣ дар забо-ни гуфтугӯии халқи тоҷик истеъмоли калимаҳои русӣ ва ба воситаи он унсурҳои лексикаи интернатсионалӣ ҷорӣ мегар-дад. Ҳанӯз то солҳои революсия дар забони тоҷикӣ уезд, пристав, волостной, император, губернатор, самовар, фонтан,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё