Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

б) Суффикси -она аз исмҳои замон зарфи замон месозад: рӯзона, шабона:
Бинобар ин ӯ рӯзона ва шабона ҳам то соатҳои 10-11 дар мадраса буда, вақти хобашро дар ҳавлӣ дар пеши модараш мегузаронд (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Падарам шабона саёҳат карданро дӯст медошт ва маро бисёр вақт бо худ мегирифт (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид).

в) Суффикси -она аз исмҳои хос ва ҷинс зарфи монандӣ месозад: саъдиёна, фирдавсиёна, шоирона, большевикона:

Дари ҳикмат кушода саъдиёна,
Сухан мегуфт ҳар кас шоирона.
(М. Турсунзода, Асарҳои мунтахаб)

Фирдавсиёна васфи далерон баён кунам,
То номашон чу Рустами Достон аён кунам.
(А. Деҳотӣ, Куллиёт)

Лекин ман умедворам, ки ту ҳар ғамро большевикона аз худ дур карда, бабардошт шавӣ (С. Айнӣ, Ёддоштҳо).

г) Суффикси -она аз зарфҳои монандӣ зарфи тарзи амал месозад, ё ки ба зарфҳои монандӣ тобиши тарз мебахшад. Ин тарзи калимасозӣ хоси услуби бадеӣ мебошад:
Ин одам бо ҳамин шаклу шамоил калонворона оҳиста-оҳиста қадам монда, ба рӯйи суфа баромада, ба Миризом салом дод (С. Айнӣ, Куллиёт).

Рӯдворона зиндагонӣ кун,
Ҷӯш зан, ҷӯш зан, ҷавонӣ кун.
(М. Турсунзода, Асарҳои мунтахаб)

Суффикси -ан. Суффикси -ан сермаҳсул мебошад. Ин суффикс дар калимасозии қариб ҳамаи хелҳои зарф иштирок менамояд. Суффикси -ан аз сифатҳои аслӣ ва исмҳо зарфҳои гуногун месозад:

а) зарфи тарзи амал:
Ӯро зӯран ва маҷбуран аз хона бароварданд (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид);

б) зарфи миқдору дараҷа: тамоман, қисман, комилан:
Модарам ба таклифи падарам тамоман розӣ нашуд ва ба назди меҳмонон набаромад (Р. Ҷалил, Маъвои дил);

в) зарфи замон: баъзан, фавран, бадеҳатан:
Ҳофиз бадеҳатан ҷавоб дод (Афсонаҳои халқи тоҷик). Ба мо раиси ҷамоа омадани босмачиёнро фавран хабар дод (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид);

г) зарфи сабаб ва мақсад: қасдан, саҳван:
Коркунони матбаа, намедонам, қасдан ё саҳван ин имзоро

пешина
аз 457
навбатӣ