Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

тилисмот). Боз як ариза фиристода буд, ки дирӯз ҷавобаш омад (Ҳ. Карим, Оқшуда). Падарам инро порсол харида буд (Ҳ. Карим, Оқшуда). Парерӯз худам рафта фаҳмидам, тамоман дурӯғ будааст (Р. Ҷалил, Шикасти тилисмот);

б) зарфҳое, ки дар айни замон воқеъ шудани амал ва ё дар замони ҳозира ҷараён доштани амалу ҳолатро мефаҳмонанд: ҳоло, ҳанӯз, акнун, алҳол, ҳозир:

Ӯ ҳоло бо модараш гапзанон карда истодааст (Р. Ҷалил, Шикасти тилисмот). Аз асрори ин воқеа ҳанӯз касе хабар надорад (С. Айнӣ, Куллиёт);

в) зарфҳое, ки дар оянда воқеъ шудани амалро мефаҳмонанд: пагоҳ, фардо, пасфардо, бегоҳ:

Пагоҳ мардум фаҳмад, чӣ мегӯяд (Ю. Акобиров, Водии муҳаббат). Ҳоҷиҳо пасфардо ба ин ҷо омада, се шабу се рӯз бо тоату ибодат машғул хоҳанд шуд (Ф. Муҳаммадиев, Дар он дунё).

Зарфи макон

Зарфҳои макон ҷой ва сӯи воқеъ шудани амалро мефаҳмонанд ва ба саволи куҷо?, дар куҷо?, ба куҷо?, аз куҷо? ҷавоб мешаванд. Миқдори зарфҳои макон хеле кам буда, аз ҳисоби исм афзуда истодааст:

Мавҷҳои сабзашро танҳо харсангҳое, ки ҷо-ҷо аз камари кӯҳ барҷаста истода буданд, халал мерасониданд (С. Айнӣ, Куллиёт). Ман ватани модариамро намедонам, дар куҷо будани онро ҳам намедонам (С. Айнӣ, Куллиёт). Файзуллохон акнун намедорист, ки сари савдои худро ба куҷо занад (Р. Ҷалил, Шикасти тилисмот). Ҳамин вақт аз куҷо дар рӯ ба рӯи вай Дадабои чангу хоколуди рӯяш сип-сиёҳ арақин пайдо шуд (Ф. Ниёзӣ, Вафо). Соҳиби хона Асоро аз болотар шинонда, худаш аз поёнтар нишаст (Ҷ. Икромӣ, Духтари оташ).

Зарфи сабаб

Зарфи сабаб сабаби ин хел ва ё он хел воқеъ шудани амалу ҳолатро мефаҳмонад ва ба саволҳои чаро?, барои чӣ?, аз чӣ сабаб? ҷавоб мешавад. Миқдори зарфҳои сабаб хеле маҳдуд буда, онҳо асосан аз калимаҳои ночор, ноилоҷ, саҳван, тасодуфан иборат мебошанд, ки тобиши маъноии тарз низ доранд:

Ночор то манзили навамон, ки дар доманаи кӯҳ воқеъ гашта буд, хомӯш омадем (Ф. Муҳаммадиев, Дар он дунё). Усто-ака, сӯҳбататон ҳар қадар ширину дилкаш бошад ҳам,

пешина
аз 457
навбатӣ