Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
навакак гуфтам (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Акнун хайрухуш кунем ҳам, мешавад (Р. Ҷалил, Шикасти тилисмот). Бобоям чун ин фикрашро ба аҳли деҳаи Маҳаллаи Боло маълум мекунад, онҳо дарҳол арӯс меёбанд (С. Айнӣ, Куллиёт).
Зарфҳои замон аз ҷиҳати ифодаи маънои замонӣ ба ду гурӯҳи калон тақсим мешаванд: 1) зарфҳое, ки замонро ба таври умумӣ ифода мекунанд, замони конкретро далолат намекунанд, 2) зарфҳое, ки ба яке аз замонҳо мансуб мебошад, яъне ё замони гузашта, ё замони ҳозира ва ё замони ояндаро мефаҳмонанд.
Зарфҳое, ки замони амалро ба таври умумӣ ифода мекунанд, ба замони муайяне маҳдуд намешаванд, дар ҳар се замони феъл баробар истифода мешаванд. Ин гурӯҳи зарфҳо аз ҷиҳати маъно гуногун буда, бардавомии амал, такрор шудани амал, ногаҳон ва ё зуд воқеъ шудани амалро мефаҳмонанд. Зарфҳои доимо, доим, мудом, ҳамеша ва ғайра бардавомии амалро ифода мекунанд:
Соро ҳамеша дар охири ин гуна базмҳои бачагонаи худ ин шеъри бачагонаи серҳаракатро дар ҳавои сози з.уфар мехонд (С. Айнӣ, Куллиёт).
Доимо овар ба ёдат рӯи мо,
Чашми уммедат макан аз сӯи мо.
(М. Турсунзода, Асарҳои мунтахаб)
Баъзе зарфҳо бардавомии амалро конкрет нафаҳмонанд ҳам, маънии ғайриконкретии онҳо ба ифодаи он имконият медиҳад. Масалан, зарфҳои шабона ва рӯзона ба яке аз замонҳо мансуб нестанд, бинобар ин ба кадоме аз замонҳо мансуб будан ва бардавомии амалро ифода кардани онҳо маҳз ба воситаи феъл муайян карда мешаванд:
Агар дар он давру пеш базме воқеъ шавад, шабона мерафт (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Ҳамин шаб шабона ё саҳарӣ барвақт баромада меравем (С. Айнӣ, Куллиёт). Корхона шабона ҳам, рӯзона ҳам торик (С. Айнӣ, Куллиёт).
Зарфҳои гоҳо, гоҳ-гоҳ, гоҳ... гоҳе, баъзан такрори амалро мефаҳмонанд. Феъли ҷумлаҳое, ки дар онҳо ин гуна зарфҳо омадаанд, ғолибан дар шакли ҳикоягӣ воқеъ мегардад:
У ба хона гоҳо меомад, гоҳо намеомад (Ю. Акобиров, Водии муҳаббат).
Зарфҳое, ки замонро конкреттар ифода мекунанд, ба се гурӯҳ тақсим мешаванд:
а) зарфҳое, ки дар замони гузашта воқеъ шудани амалро мефаҳмонанд ва феъл бо ин гуна зарфҳо дар шакли замони гузашта воқеъ мешавад: дина, дирӯз, парерӯз, парершаб, порсол, перорсол:
Зариф дина аз шаҳр телефон кард (Р. Ҷалил, Шикасти

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор