Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
мо). Ду рӯз боз беором борон меборид (Ҳ. Карим, Ҳикояҳо).
Зарфҳои тарзи амали батафсил, бекаму кост, кам-кам ва амсоли инҳо тобиши дараҷа, пеш-пеш (рафтан), пуштнокӣ (гурехтан) ва ғайра тобиши сӯй, дукаса, секаса, коллективона тобиши ҳамроҳӣ доранд:
Ман кам-кам аз тарҷимаи ҳоли Қорӣ-ишкамба хабардор шудам (С. Айнӣ, Марги судхӯр). Падарам он ҳикояро батафсил нақл карданд (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Дар дақиқаи дигар дарбориён оқибнокӣ аз хона мебароянд ва Рӯдакӣ бо рӯмолчаи хунолуд чашмонашро пинҳон карда, калавида-калавида меояд (С. Улуғзода, Қисмати шоир). Онҳо дукаса харро бор карда омаданд (Сорбон, Чӯгӣ). Кайвониҳо чуволро дукасаю секаса шуда бардошта бароварданд (Ҷ. Икромӣ, Духтари ҳамсоя).
Зарфи монандӣ
Зарфҳое, ки амалро ба таври қиёс эзоҳ медиҳанд, зарфи монандӣ ном доранд:
Ман гумон мекардам: ӯ ин суханҳоро дар бораи чизҳои навбаромад ва кор фармудани онҳо аз ягон донишманди навигаридӯст шунидааст ва тӯтивор ёд гирифтааст (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Фароштурук тирвор поён мефаромад (П. Толис, Повесть ва ҳикояҳо).
Мичуринвор ояд ҳар ҷавоне
Намояд кашф сирри боғбонӣ.
(М. Турсунзода, Асарҳои мунтахаб)
Гурӯҳи анбӯҳи тамошобинон атрофи ҷанговаронро ҳалқавор фаро гирифта буданд (С. Айнӣ, Куллиёт). Дар дуродур нуқтаҳои бисёре алмосвор медурахшиданд (Ф. Ниёзӣ, Духтари ҳамсоя).
Дари ҳикмат кушода саъдиёна,
Сухан мегуфт ҳар кас шоирона.
(М. Турсунзода, Асарҳои мунтахаб)
Махдуми Гав мурдамонанд беҳаракат мехобид (С. Айнӣ, Куллиёт).
Ҳеҷ шунидӣ, ки рухи осмон
Чилва кунад лаълсифат дар ҷаҳон?
(М. Турсунзода, Асарҳои мунтахаб)

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор