Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

худ намегунҷидагиро ба шаҳр фуровард (Ҳ. Карим). Ӯ ба гумонам дар майнааш гапҳои талху тунди ба мағзи устухон рафта мерасидагиро ҷамъ мекард (Р. Ҷалил).

Сифатҳои феълии замони ҳозира-оянда хосияти вобастакунии феълии худро нигоҳ медоранд ва ибораҳои сифати феълии замони ҳозира-оянда месозанд: Мударрис баъди дошта додани Восеъ ҳадяву инъоми фаровони аз ҳоким мегирифтагиашро тасаввур карда дарунакӣ шод гардид (Улуғзода). Дар пеши дари ба боғ кушода мешудагии он нишаста як кӯдаки ширмакқонро мемакқонид (Айнӣ). Қисмҳои Армияи Сурх, ки дар рӯзи таърихии ҳеҷ вақт аз ёди кас намебаромадагӣ — 7 ноябри соли 1941 аз Майдони Сурх мегузаштанд... (Р. Ҷалил). Ин сифатҳои феълӣ объекти бевоситаро ҳам гирифтаанд, ки дар ин ҳол хусусияти вобастакунии феълии онҳо барҷаста зоҳир мешавад.

Ибораҳои дигари сифатҳои феълии замони ҳозира-оянда бо ҳолҳое, ки дар алоқаи ҳамроҳӣ омадаанд, низ сохта мешаванд: Ана, имрӯз дидам, ки одамҳои нағз кор намекардагӣ ҳам будаанд (Р. Ҷалил). Барои мактаббачагони аъло мехондагӣ концерти калон дода буданд (газета).

Вазифаи синтаксисии сифатҳои феълии замони ҳозираоянда ҳам, пеш аз ҳама, муайянкунанда шудан аст: Мехоҳам чизҳои намедонистагиамро ёд гирам (Улуғзода). Ҳуҷраи ба 15 ҳазор танга меарзидагиашро ба 12 ҳазор танга фурӯхтааст (Айнӣ). Камбағалони он қишлоқ, ки аз хурӯҷи ба наздикӣ мешудагии босмачиён хабар ёфтаанд, ба қишлоқҳои атроф кас фиристода ин аҳволро фаҳмидаанд (Айнӣ). Баъд ба ҷои мехостагиатон меравед (Р. Ҷалил). Ман ягон усули нави шумо намедонистагиро кор намефармоям (Улуғзода).

Сифатҳои феълии замони ҳозира-оянда ба вазифаи муайянкунанда пеш аз муайяншаванда ҳам вомехӯранд. Ин ҳодиса бештар хосияти гуфтугӯӣ дорад: Дар он ҷо шуморо мешинохтагӣ одамҳо бисёр будаанд (Улуғзода). Ба пул мерафтагӣ чизаш ҳам намонда буд (Айнӣ).

Сифатҳои феълии замони ҳозира-оянда ба вазифаи хабар меоянд: Садои мотор канда-канда мебаромадагӣ шуд (Толис).
Сангин дид, ки кори Одина бад мешудагӣ барин (Айнӣ).

Сифатҳои феълии замони ҳозира-оянда ба вазифаи ҳол низ меоянд: Сир бой надода, худи физикаро нағз медонистагӣ барин хулоса баровардам (Баҳорӣ).

Азбаски дар сифатҳои феълии замони ҳозира-оянда ҷиҳатҳои замонӣ ва хусусан намудии феъл бештар нигоҳ дошта мешаванд, онҳо ба категорияи сифат қариб намегузаранд.
Фақат ҳамон сифатҳои феълии замони ҳозира-ояндае, ки хусусияти доимии предметҳоро ифода мекунанд, дар натиҷаи суст гардидани баъзе ҷиҳатҳои замонӣ ва намудии худ ба сифатҳо наздик мешаванд, чунончи, чизҳои мехӯрдагӣ ва монанди инҳо: Чизи меарзидагӣ буд-мӣ? (Улуғзода).

пешина
аз 457
навбатӣ