Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
Баъзе сифатҳои феълии замони ҳозира-оянда монандӣ дигар шаклҳои сифати феълӣ ба исм мегузаранд ва бештар ба нутқи гуфтугӯӣ хосанд. Онҳо ҳамчун исм шакли ҷамъ гирифтаанд: Байрақ бардошта, доира зада баромадани занҳои клубро тамошо мекардагон сону адад надоштанд (Икромӣ). Ӯ бояд дар ду фронт — ҳам ба муқобили ақиб мемондагиҳо ва ҳам ба муқобили пеш давида мегузаштагиҳо мубориза барад (газета).
Сифати феълии замони ҳозираи муайян
Сифати феълии замони ҳозираи муайян аз шакли якуми сифати феълии замони гузаштаи феъли асосӣ ва сифати феълии замони гузаштаи феъли ёридиҳандаи «истодан» сохта мешавад: омада истода, хонда истодагӣ, рафта истодагӣ, тулӯъ карда истода ва монандӣ инҳо.
Сифати феълии замони ҳозираи муайян низ ду шакл дорад:
а) шакли якуми сифати феълии замони ҳозираи муайян: машинаи омада истода, бачагони гӯш карда истода ва монандӣ инҳо.
б) шакли дуюми сифати феълии замони ҳозираи муайян: машинаи омада истодагӣ, шогирдони хонда истодагӣ ва монандӣ онҳо.
Сифати феълии замони ҳозираи муайян дар ҳамин ҳангом воқеъ шуда истодани амалу ҳолатро ифода менамояд ва бо феъл-хабари ҷумла дар як замон воқеъ мешавад:
Гардани дарози асп синаи ҳарсидаистодаи ин ҷангвори пуркорро паноҳ кард (Ҳ. Карим). Бо фармони Рӯзимурод аз дунболи босмачиёни гурехта рафта истодагӣ тир андохтанд (Айнӣ). Халқи тоҷик дар бораи Ленин, дар бораи муборизаҳои бузурги барои коммунизм бурда шуда истодагӣ намунаҳои нави дурахшони достонҳои эпикии худро меофарад (Намунаҳои адабиёти тоҷик). Ҷобири савор қамчин дар даст як тӯда писарбача ва духтарбачагони аз алафчинӣ омадаистодаро сур мекунад (Улуғзода).
Сифатҳои феълии ёридиҳандаи «гаштан», «нишастан», «хобидан» бо сифатҳои феълии асосӣ амали дар айни замон воқеъшавандаро низ ифода карда метавонанд ва бештар хусусияти гуфтугӯӣ доранд: хонда гаштагӣ, кор карда нишастагӣ ва монандӣ инҳо:
Ҳо-о ҳамон мардаки дар миёнаи замин каланд зада гаштагӣ Қосимбои мо (Толис). Аз кӯча овози бачаҳои бозӣ карда гаштагӣ, хониши радио ва ғуррое зада гузаштани автомобилҳо ба гӯш мерасид (Икромӣ). Пахтаҳои ба рӯи суфа пароканда шуда хобидаро ба он ҷо ҷой кардан гирифтанд (Айнӣ).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор