Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

Сифати феълии замони ҳозира-оянда дар замони оянда тобишҳои азму заруриятро низ мефаҳмонад:

... Суханҳои мегуфтагии худро фаромӯш мекунам (Икромӣ). Лои хишти имрӯз рехта мешудагиро як рӯз пеш хобондан даркор (Р. Ҷалил).

Сифати феълии замони ҳозира-оянда фақат дорои намуди давомнок буда, амали бо хабари ҷумла дар як замон воқеъгардидаро мефаҳмонанд:

Сохти ғул-ишкел аз сохти ишкелҳои оддӣ он қадар фарқ надошт, фақат ҳалқаҳои ба пои одам андохта шудагии он монандӣ ишкелҳои муқаррарӣ танг набуда, ба дараҷае ки рони одамро гунҷонад, васеъ буд (Айнӣ).

Сифатҳои феълии замони ҳозира-оянда гузаранда (медонистагӣ, медодагӣ, мешинохтагӣ, мегуфтагӣ, мегирифтагӣ) ва монда (мерафтагӣ, меомадагӣ, намегунҷидагӣ, мерасидагӣ, ақиб мемондагӣ) мешаванд.

Шаклҳои гузаранда амали бевосита ба объект равонашавандаро мефаҳмонанд: Мон ки он урфу одатҳои занро каниз, мардро ғулом мекардагӣ аз миён бардошта шавад (Ҳ. Карим). Ман мехоҳам, ки як агрономи ҳамин корро медонистагӣ ёфта фиристананд, ки ба ман омӯзад (Икромӣ).

Шаклҳои монда амалу ҳолатро ҳамчун аломати субъект ифода мекунанд ва пуркунандаи бевосита намегиранд: Роҳҳои оҳани аз қаламраваш мегузаштагиро вайрон карда, ба сурати ваҳшиёна ва хоинона коргарони роҳи оҳанро бо зану бачаҳошон кушт (Айнӣ). Расамаи аз ин ба ман мерасидагӣ ба хароҷоти аҳлу аёлам намерасад (Айнӣ). Кафшҳои ба ту хуш меомадагӣ ба ҳавлиат нарафта бепошна мемонад (Р. Ҷалил).

Сифатҳои феълии замони ҳозира-оянда ҳамчун феъл се тарз доранд: тарзи фоил, тарзи мафъул ва тарзи миёна.

Сифатҳои феълии замони ҳозира-ояндаи тарзи фоил бо амали гузаранда ифода мешаванд ва одатан бо пуркунандаи бевосита меоянд: Артистҳои Шокиру зани профессорро бозӣ мекардагӣ артистҳои бепарво ё камқобилият... (Толис). Ӯ мехост, ки ба ҷои Муроди каму беш музд мегирифтагӣ як каниз ва як ғуломбачаи бемузд ба даст дарорад (Айнӣ).

Сифатҳои феълии замони ҳозира-ояндаи тарзи мафъул аз феълҳои гузаранда бо ёрии феъли «шудан» сохта мешаванд: Дар ин бутта кӯраки албатта кушода мешудагӣ 80 дона (Икромӣ). Рӯшноиро аз як даричаи ба рӯи саҳни беруни мадраса кушода мешудагӣ мегирифт (Айнӣ). Лои хишти имрӯз рехта мешудагиро як рӯз пеш хобондан даркор (Р. Ҷалил).

Сифатҳои феълии замони ҳозира-ояндаи тарзи миёна бо феълҳои монда ифода шуда, амалу ҳолатро ҳамчун аломати субъект мефаҳмонанд: Автомобилҳои бо кор ба идора меомадагӣ ҳамин гулзорчаро аз тарафи рост ба чап давр зада, дар пеши дари калони шишакории идораи колхоз меистоданд (Икромӣ). Ҳамаи ин аҳли аз шодӣ ва хурсанӣ ба пӯсти

пешина
аз 457
навбатӣ