Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

агрономи участка пундонахҳои тозашударо ба омехтаи формалин тар мекард (Икромӣ). Вай ба шунида бовар намекард (Улуғзода).

Сифатҳои феълии замони гузаштаи исмгардида шакли ҷамъ гирифтаанд: Гузаштагони мо дар банди ғуломӣ ва гуруснагӣ ҷон доданд (Айнӣ). Фарзанди одам дар ду рӯз дӯстон ва дилбастагони худро зиёдтар ёд мекунад (Айнӣ). Бо хондани навиштаҳои матбуот ва бо шунидани гуфтаҳои радио оташи завқи тамошои пойтахти Ватан дар дили ман торафт баландтар мешуд (Деҳотӣ). Мол надоштагиҳо чӣ мекунанд? (Икромӣ).

Сифати феълии «гуфта» дар ҷумла ба вазифаи пайвандаки тобеъкунанда низ меояд: Бахташ баланд ва пешомадаш нек шавад гуфта, ба меҳмони нав Иқбол ном монданд (Деҳотӣ). Чапаев бачаҳо натарсанд гуфта, аввал писараш Аркадийро ба пеши онҳо фиристод (Ҳикояҳо дар бораи Чапаев).

Сифати феълии замони ҳозира-оянда

Сифати феълии замони ҳозира-оянда аз шакли дуюми сифати феълии замони гузашта бо ҳамроҳ кардани префикси ме- сохта мешавад: меомадагӣ, мерафтагӣ, мехондагӣ, ҳал мешудагӣ, хонда мебаромадагӣ ва монандӣ инҳо. Баъзан шакли кӯтоҳи он ҳам вомехӯрад: Дараҷаи кори бисёр ташкилотҳо ҳанӯз ҳам аз талабҳои ҳаёт, аз вазифаҳои ба миён мегузоштаи партия ақиб мемонад («Тоҷикистони Сурх»).

Сифатҳои феълии замони ҳозира-оянда, пеш аз ҳама, дар замони оянда воқеъ гардидани амалу ҳолатро ифода мекунанд:

Шумо хуб маслиҳат карда, плани корҳои баъд аз ин мекардагиатонро созед (Икромӣ). Пагоҳӣ вай ин рақамҳоро ба аъзоёни бюрои партиявӣ маълум хоҳад кард, то дар сӯҳбатҳои бо колхозчиён мекардагиашон истифода намоянд (Улуғзода).

Сифатҳои феълии замони ҳозира-оянда амалу ҳолати доимии предметҳоро ҳам нишон медиҳанд:

Бой як бурда нони қоқи ҳаррӯза ба Ятим медодагиашро харҷи барзиёд донист (Айнӣ). Ӯ ба тоҷикони дар Москва мехондагию кор мекардагӣ мақолаҳо нависонда, таҳриру тайёр карда мефиристод (Р. Ҷалил). Акнун аз роҳи калони ба сӯи Кӯктош мерафтагӣ омада, пули оҳанинро ки гузаштед... («Тоҷикистони Сурх»). Ӯ ришваҳои мегирифтагиашро доимо бо ҳоким ва бо девонбегии амир бо ҳам медид (Улуғзода). Ту одами бисёр роҳ мегаштагӣ, дағал-мағал нагуфта харидан намегирӣ (Р. Ҷалил).

пешина
аз 457
навбатӣ