Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

гузаштани сифатҳои феълии замони гузашта низ мушоҳида мешавад, ки яке аз хусусиятҳои характерноки инкишофи сохти забони адабии тоҷик мебошад. Дар натиҷаи суст гардидани ҷиҳати феълии худ сифатҳои феълии замони гузаштаи шакли якум ба категорияи сифати аслӣ мегузаранд. Агар сифати феълӣ бе калимаҳои эзоҳкунанда омада бошад, ба сифат тезтар мегузарад: бачаи тез китобро хондагӣ — бачаи тез хондагӣ — бачаи хондагӣ. Дар мисоли сеюм «хондагӣ» ба сифат наздик буда, ба маънои саводнок кор фармуда шудааст. Шакли якуми сифатҳои феълии замони гузашта (хусусан сифатҳои феълии монда) бисёртар ба сифат гузаштаанд. Дари кушода, гули пажмурда, одами пухта, замони гузашта... Гапи пухта, амак, — гуфт табассукунон Пӯлод (Р. Ҷалил). Тамоми вуҷуди ин одами осударо оташи ғазаб фаро гирифтааст (Ҳ. Карим). Ин ёддошти сохтаи падарам ба ман чунон таъсир карда буд, ки... (Айнӣ). Кам механдид ва суханҳои пухтаи ҷиддӣ мегуфт (Айнӣ). Рухсораҳои як зебову тару тозааш гули пажмурдаро ба хотир меоварданд (Ҳ. Карим). Сифатҳои феълии замони гузаштаи сифатгашта хусусиятҳои асосии сифатҳои аслиро мегиранд. Онҳо дараҷаҳои қиёсӣ мегиранд: Шумо одами аз мо пухталару дурандештар ҳастед (Ниёзӣ). Албатта ин хобгоҳаш назар ба хобгоҳи пештарааш беҳтар ва осудатар аст (Айнӣ). Дар самти шарқ, ки нисбатан ба шимол ва ғарб домани осмон васеътар ва кушодатар буд, уфуқ месӯхт (Икромӣ). Дили моро, ки дар асл шикастагӣ, боз ҳам шикастатар накунед (Айнӣ). Ӯ маро ба як писари дӯстдоштатаринаш, ки Александр ном дошт, монанд карда буд (Р. Ҷалил). Ин дар замони ҳозира яке аз паҳншудатарин ҷараён ба шумор меравад («Садои Шарқ»).

Бо зарфҳои миқдору дараҷа меоянд: Инро гуфту хола бо овози хеле хаста хонд (Икромӣ). Дадобой ба андоми хеле лоғаршуда ва рангпаридаи вай бо диққат нигоҳ карда... (Ниёзӣ). Усто Саъдӣ дафтари кӯҳнаи бисёр фарсударо гирифта ба дасти Ҳайдарқул дод (Ирфон). Ту он шамъӣ, ки дар дил дида дорӣ — Ҳунарҳои басе арзида дорӣ (А. Лоҳутӣ).

Бо сифатҳои аслӣ баробар чида шуда меоянд: Шумо бояд шогирдони ҳаматарафа доно, пухта тайёр кунед (Улуғзода). Ӯ пӯшоки чиркин ва даридаи худ ва чӯпонбачагонро нишон дода боз давом намуд (Айнӣ). Ман бӯрёҳои кӯҳна ва даридаро барои сӯхтан ба таҳоратхона мефиристонам (Айнӣ). Фамилияаш Савельев, одами пухта, ҳушёр ва босавод буд (Икромӣ).

Баъзе сифатҳои феълии замони гузашта ҳамчун ҳол дар шакли такрор хусусияти феълии худро суст намуда, ба зарф наздик мешаванд: Рафта-рафта қувваи ҷонноки Рӯзимурод ҳам кам шуд (Айнӣ).

Сифатҳои феълии замони гузашта дар ҷумла ба исм гузашта хусусияти онро гирифтаанд: Гулшан бо роҳбарии

пешина
аз 457
навбатӣ