Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
Шакли дуюми сифати феълии замони гузашта гоҳо пеш аз муайяншаванда низ меояд. Ин ҳодиса асосан хоси нутки гуфтугӯист:
Аскари сурхро надидагӣ одам ҳам будааст-дия (Ҳ. Карим). Шумо гуфтагӣ пазанда чӣ кор мекунад, ки нони вай нағз ва ширин мешавад (Ҷ. Икромӣ).
Сифати феълии замони гузашта ба вазифаи хабар ҳам меояд ва дар ин ҳолат намуди мутлақи амал махсусан равшан ифода мешавад: Дар кӯҳу дар дашт лола расида — Дар боғу дар кишт сабза дамида (Айнӣ). Заминҳо шудгор кардагӣ, поруҳои маъданӣ ва маҳаллӣ андохтагӣ, пунбадона кашондагӣ ва тоза кардагӣ, молаю сихмолаҳо дар сари замин ба кор ҳозир, формалин дар зарфҳо андохта мондагӣ, сеялкаҳо ҳа-ма тахт (Улуғзода). Охир ман ӯро бо дастонам калон кардагӣ (Миршакар).
Сифатҳои феълии замони гузашта (бо суф. -а) дар забони тоҷикӣ ба вазифаи ҳол фаровон кор фармуда мешаванд. Дар ҷумла онҳо амалу ҳолатро ҳамчун аломати феъли асосӣ ифо-да мекунанд. Сифатҳои феълии замони гузашта амали пеш аз хабар воқеъгардидаро мефаҳмонанд: Абрҳо рӯи осмони баланд — Болу пар боз карда мегаштанд (Турсунзода). Аз қуллаҳои барфини кӯҳҳои Помиру Зарафшону Алай обҳои мусаффои нилгун кафкҳои сарди худро ба рӯи сангҳо пош дода сарозер мешаванд (Улуғзода). Духтар кокулҳои то ха-ми зонуяш фуромадаро даста намуда ба тахтапушташ мепар-тофт (Р. Ҷалил). Хадиҷа ин суханҳои Шамсияро шунида хан-дид (Ҷ. Икромӣ). Ҳоҷиумар рангу рӯи канда ва кабудии таги чашмони ӯро дида дилаш як тоб хӯрд (Улуғзода).
Такрори ин фарқ ҷиҳати феълии онро қувват медиҳад: Ӯ бағоят суханвар буд, аммо дар вақти гап задан забонашро макида-макида гап мезад (Айнӣ). Зубайда Абдурасуфро кофта-кофта анча дур рафта монд (Ҷ. Икромӣ). Рамаи гӯсфандон сабзаҳои сарироҳиро хӯрда-хӯрда ба қишлоқ наздик мешуданд (Икромӣ). Амонбокӣ миёни ба шикастан наздикрасидаи худро молида-молида аз ҷой хеста берун баромад (Айнӣ). Дудҳо... тоб хӯрда-тоб хӯрда дар фазои осмони лоҷувардӣ пинҳон мешуданд (Р. Ҷалил). Ӯ бо шунидани ин таъриф обҳои аз даҳонаш рафтаро бо лаби худ лесида-лесида гуфт (Айнӣ). Вай зардолуро гирифта, хӯрда-хӯрда боз ба кӯча медавид (Улуғзода).
Сифати феълии замони гузаштаи шакли дуюм одатан бо пасоянди «барин» ба вазифаи ҳол меояд: Рухсори пур аз чини ӯ таб баровардагӣ барин сурх шуда буд (Ҳ. Карим). Гап занед, чаро мум газидагӣ барин дам мешинед (Р. Ҷалил). Вай бардурӯғ худро монда шудагӣ барин нишон додааст (Улуғзода). Таърифи сарпанҷаи маро нашунидагӣ барин гап мезанед (Р. Ҷалил).
Дар забони тоҷикӣ процесси муҳими ба категорияи сифат

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор