Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
(Р. Ҷалил). Чароғи ба миёнҷои стол гузошташуда кабинети партиявиро хира равшан мекард (Улуғзода).
Сифатҳои феълии замони гузаштаи таркибии номӣ бо феълҳои ёридиҳандаи «шудан» ва «ёфтан» тарзи мафъулро низ ифода мекунанд: Завод пахтаҳои ғуншударо тоза намуда наметавонист (Айнӣ). Бо гарм шудани ҳаво пахтаҳои таршуда ҳам гарм шудан гирифтанд (Айнӣ). Унвони маълум ва машҳури аз тарафи уламо ва сипоҳиён қабулёфтаи ӯ буд (Айнӣ). Духтарони дар таги дастшӯяк ҷамъшуда қий-чувкунон ба якдигарашон об мепошиданд (Улуғзода).
Тарзи миёнаи сифатҳои феълии замони гузашта бо феълҳои монда ифода шуда, амалу ҳолатро ҳамчун аломати субъект нишон медиҳад: Бинобар ин хандаи аз шунидани ин суханон омадаашро ба зӯрӣ нигоҳ дошта... (Айнӣ). Ходимони тӯйхона ошҳои аз пеши меҳмонон баргаштаро мувофиқи одат ба хизматгорони онҳо додаанд (Айнӣ). Зогони дар шоҳи садаҳо нишаста аз гудоки автобус тарсида ба ҳаво париданд (Улуғзода). Усто Мухтор як табақи калони сафолини нав аз хумдон баромадаро ба дасташ гирифта санҷида истода буд (Ниёзӣ). То ки вай Давлати ҳанӯз дар замин хуфтаро боз назанад (Р. Ҷалил).
Сифати феълии замони гузашта хусусияти вобастакунии феълии худро нигоҳ медорад ва ибораҳои сифати феълӣ месозад. Ин хусусият махсусан дар ҳангоми объекти бевоситаро вобаста намудани он зоҳир мешавад: Ба ҷои ҷавоб Заҳро ангушти ба кадом санге зада хуншоршудаашро нишон дод (Ҳ. Карим). Дар як лаҳза падари дар замони босмачиён кушташуда ва додари солҳои 1921-22 дар гуруснагӣ ҷондодаи вай аз хаёлаш гузаштанд (Ниёзӣ).
Сифатҳои феълии замони гузашта, пеш аз ҳама, ба вазифаи муайянкунандаҳои изофии аломати предмет меоянд: Ҳикояҳои аз Тӯтапошо шунидамам бисёранд (Айнӣ). Беихтиёр яке аз шоҳҷаҳои хушкидаи дар боришҳои зимистонӣ намгирифтаи алафро шикаста ба даҳонаш андохт (Айнӣ). Ин саволи ба оҳанги гилагузорӣ гуфташуда Қодирро ба худаш овард (Р. Ҷалил).
Муайянкунандаҳои сифатҳои феълии замони гузашта дар назм монанди сифатҳо пеш аз муайяншаванда ҳам меоянд:
Менависад аз шукуфта деҳаҳою шаҳрҳо,
Менависад аз диёри некбахти тоҷикон.
(Турсунзода)
Биомад ба назди Сиёвуш чу гард,
Шунида суханҳо ҳама ёд кард.
(Фирдавсӣ)

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор