Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

ва шарикони бисёраш пахтаҳои аз серборӣ хоб карда мондагиро боло мебардоштанд (Икромӣ).

Сифатҳои феълии замони гузашта гузаранда (партофта, навишта, дидагӣ, вобаста кардагӣ, пешвоз гирифтагӣ) ва монда (хандида, омада, баромадагӣ, хобида, боридагӣ, нишастагӣ, рӯй додагӣ) мешаванд.

Сифатҳои феълии замони гузаштаи гузаранда одатан амалеро ифода мекунанд, ки ба пуркунандаи бевосита равона мешавад: Барои одами чӣ ботинан ва чӣ зоҳиран тақдири худ, ҳаёт ва фаъолияти худро ба партия вобаста кардагӣ дари партия ҳамеша кушода аст (Ниёзӣ). Баъзе кампирони ҳанӯз фаранҷиашонро напартофтагӣ дар хонаи дигар ҷой гирифтанд (Ҳ. Карим). Ман ба Шодӣ панҷ-маш бор ҳалво пухта фиристодагӣ (Икромӣ).

Сифатҳои феълии замони гузаштаи монда фақат амалу ҳолатро ҳамчун аломати субъект мефаҳмонанд: Қатраҳои оби ба даруни гӯшаш даромада ва ба ёлу думаш часпидаро аз худ дур карда сокиту ором истод (Айнӣ). Аз чор каси дар ин ҷо нишастагӣ фақат як нафар либоси маҳаллӣ дошт (Р. Ҷалил). Дар зери дарахти зардолуи сар то сар шукуфтае кампал паҳн карда.... (Айнӣ). Аверченкои гурехтаро дар Конибодом дастгир карда буданд (Р. Ҷалил).

Сифатҳои феълии замони гузаштаи монда ба воситаи суффикси -он ба гузаранда бадал мешаванд: Аз чойники бо рӯмол печондагӣ як пиёла чои ширгарм кашида ба ӯ дароз кардам (Айнӣ). Шарбати аз чувол соф карда гузаронда ба даруни ёмча чакидан гирифт (Айнӣ). Сангҳои ҷаллодони амир паррондаро аз замин чида гирифта ба тарафи аробакаш ҳаво медоданд (Айнӣ).

Агар сифатҳои феълии замони гузаштаи гузаранда суффикси -он гиранд, сифатҳои феълии гузарандаи бавосита ба амал меоянд: шунавонда, фаҳмондагӣ, пӯшондагӣ, нависондагӣ...

Сифатҳои феълии замони гузашта се тарзи феълӣ доранд: тарзи фоил, тарзи мафъул ва тарзи миёна.

Тарзи фоил фақат бо сифатҳои феълии замони гузаштаи гузаранда ифода мешавад: Барфи рӯи пайраҳаро пӯшида дар зери пои Рустамов ғиҷиррос мезад (Ниёзӣ). Сорохон макта-би санъатро дар Сталинобод тамом кардагӣ (Икромӣ).

Барои ифодаи тарзи мафъул одатан ба сифати феълии за-мони гузаштаи гузаранда феъли «шудан» ҳамроҳ мекунад: Куртаи крепдешини гулобиранг ва хеле санъаткорона дӯхта-шударо дар бар кард (Икромӣ). Нӯғи тасмаи кандашуда ба миёни коргаре, ки ба гардана равған мерехт, бархӯрда ӯро ҳам ба коми чарх фиристод (Айнӣ). Байти як бор хондашу-даро дубора хондан дуруст нест (Айнӣ). Командирон ҳар ка-дом мавқеи аз рӯи план таъин кардашударо ишғол карда буданд

пешина
аз 457
навбатӣ