Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
Сифатҳои феълии замони ҳозира монанди исмҳо шакли ҷамъ мегиранд: Оянда ва равандагон ҳанӯз пӯшоки зимистонии худро тайёр накарда буданд (Айнӣ). Даррандагон ва паррандагон гӯшти онҳоро хӯрдаанд (Айнӣ). Калоншавандагон аз думболи Бибиоиша рафта ба ӯ рӯй андохтанд (Айнӣ).
Сифати феълии замони гузашта
Сифати феълии замони гузашта аз асоси замони гузаштаи феълҳо сохта мешавад.
Ин сифати феълӣ ду шакл дорад:
Шакли якуми сифати феълии замони гузашта бо ҳамроҳ кардани суффикси -а сохта мешавад: омада, навишта, баромада, тамом карда, тобеъ шуда, хонда баромада ва монанди инҳо.
Шакли дуюми сифати феълии замони гузашта аз шакли якуми он бо ҳамроҳ кардани суффикси -гӣ сохта мешавад: омада — омадагӣ, навишта — навишдагӣ, тобеъ шуда — тобеъ шудагӣ, хонда баромада — хонда баромадагӣ ва монанди инҳо.
Маънои замонӣ дар сифати феълии замони гузашта нисбат ба сифати феълии замони ҳозира равшантар зоҳир мегардад. Сифати феълии замони гузашта одатан амал ва ҳолати пеш аз замони хабари ҷумла воқеъгардидаро нишон медиҳад: Нақшаи ҷангии Павел тартибдода ба Пӯлод ниҳоят маъқул шуд (Р. Ҷалил). Дар ҳар қадаматон сабзазор, гулзор ва навдарахтони сабзи паи ҳам пайваста шуда рафтагиро мебинед (газета).
Сифати феълии замони гузашта одатан натиҷаи муайяни амалро нишон дода, намуди мутлақро ифода мекунад: Гулбибии ба замин афтодаро лагадкӯрӣ кардан гирифт (Айнӣ). Ҳамон чизҳои ба чашми худ дидаатро гуфта деҳ (Айнӣ). Он хунҳои ба ноҳақ рехта ҳадар нахоҳад рафт (Айнӣ). Кампири соли гузашта вафот кардагӣ ба ёд омад (Ниёзӣ).
Гоҳо барои таъкиди амалу ҳолати мутлақ ба аввали баъзе сифатҳои феълии замони гузашта префикси феълӣ би- ҳамроҳ мешавад. Ин ҳодисаро бештар дар назм мебинем: Гули бишкуфтаи рӯи ту баҳори дили ман (Ҳ. Юсуфӣ). Бишкуфта гулед ба боғу бӯстон — Кишвар зи рухи шумост шодон («Шарқи Сурх»).
Сифати феълии замони гузаштаи намуди мутлақ ба воситаи феълҳои ёридиҳанда низ ифода мешавад, ки дар ин мавриди мутлақии амал боз ҳам равшантар мегардад: Заминҳои сел шуста бурдаро вайрон кардан гирифтанд (Икромӣ). Ҳамаи бачагони чеғ зада овардаашро занонда шуд (Айнӣ). Ҳаргоҳ ки шумо бо одамони аз ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон кӯчида омада ҳамсӯҳбат шавед... (Турсунзода). Ба тарафи паррандаи парвоз карда рафта нигоҳ мекард (Айнӣ). Сангалӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор