Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

ТаҳсилотМаориф
Аз аввал хондан

хусусиятҳои феълии худро гум кунанд, онҳо ҳатман ба категорияи сифат мегузаранд ва хосияти доимии предметҳоро ифода менамоянд. Сифатҳои феълии монда ва гузаранда ба сифат мегузаранд: гӯсфанди раманда, духтари пазанда, гови зананда, аспи даванда ва монандӣ инҳо.

Дар ин маврид сифатҳои феълии замони ҳозира дорои хусусиятҳои асосии сифати аслӣ мешаванд:

а) Дараҷаҳои қиёсӣ мегиранд: Аспатон аз ин ҳам давандатар ва милтиқатон аз ин ҳам нишонгиртар шавад (Айнӣ). Фарқ дар ин аст, ки рама ба чарогоҳ меравад ва ин бенавоён ба кори ройгони ноҳақтар аз зулми золим ва гудозандатар аз оташи ҷаҳаннам (Улуғзода).

Вақти он аст, эй қалам!
Буррандатар гардӣ зи теғ,
Вақти он аст, эй сухан!
Ғуррандатар гардӣ зи барқ.
(Юсуфӣ)

Ман ин харро беҳтарин харҳо ва давандатарини онҳо гумон карда то Вобканд қиро кардам (Айнӣ).

б) Бо зарфҳои миқдору дараҷа меоянд: Рӯзҳои ниҳоят ҳалкунандаи ҷамъоварии пахта сар шуда буд (газета).

в) Бо сифатҳои аслӣ ба тарзи чида воқеъ мегарданд:

Буд яке рӯз ба фасли баҳор
Софу дурахшанда ҳаво беғубор.
(Суҳайлӣ)

Чашмонашро аз чашмони сиёҳ ва дурахшандаи Нарзӣ наканд (Ҳ. Карим).

Сифати феълии замони ҳозира дар матн ба вазифаи исм меояд: Ба дарвозаи хурд посбонон гузоштанд, ки дароянда ва барояндаро тафтиш мекард (Айнӣ). Ин вақт оянда аз дари пойгаҳ ба хона даромада буд (Айнӣ). Таъсири як олам нолаи ҷонсӯз ва фарёди ҷонгудозро ба бинанда зоҳир месозад (Айнӣ). Шунаванда онро садои ба ҳам пайваста бо рез навохта шудаистодаи тори рубоб гумон мекард (Айнӣ). Бинанда ӯро гадо ё дарвеш гумон мекард (Улуғзода). Раванда дар панҷ дақиқа ба пеши аспи худ расид (Айнӣ).

Як гурӯҳ сифатҳои феълии замони ҳозира бештар ҳамчун исм кор фармуда мешаванд: нависанда, дарранда, парранда, бофанда, иштироккунанда, тамомкунанда, зараркунанда, муайянкунанда, пуркунанда, хонанда, намоянда, интихобкунанда, ташкилкунанда, илҳомдиҳанда, давомдиҳанда ва ғайра.

пешина
аз 457
навбатӣ