Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

ТаҳсилотМаориф
Аз аввал хондан

ҳолҳо сохта мешаванд: Даҳони хурди худро кушода, дандонҳои биринҷшаклу садафвор тобандаи худро нишон медид (Р. Ҷалил). Ту ба обҳои бозикунон болоҷаҳандаи фонтан нигоҳ мекунӣ (Икромӣ). Ин шарбати аз чувол софӣ шуда гузаранда чакидан гирифт (Айнӣ). Ҳеҷ чиз монанди тамошои поездҳои дам ба дам гузаранда диққати маро ба худ намекашид (Деҳотӣ). Бинобар ин пешаварони бебунак коркунанда аз як ҳафта зиёд кор намекарданд (Айнӣ). Шабонгоҳ ин пайраҳа лашкари бо шитоб равандаи Восеъро дар се соат ба Сурхобдара баровард (Улуғзода).

Сифатҳои феълии замони ҳозира фақат намуди давомнокро ифода мекунанд: Одами дартоз оянда ба лаби дарё расид (Айнӣ). Шаҳр ва атрофи наздики он дар тобистонҳо ҳеҷ гоҳ аз бемориҳои бисёр рӯйдиҳанда ва аз муромуриҳои барзиёд холӣ набуданд (Айнӣ). Ӯ байтҳои хуби ба одам таъсиркунанда мехонд (Айнӣ).

Сифатҳои феълии замони ҳозира, пеш аз ҳама, ба вазифаи муайянкунанда меоянд: Ҳоло шаби бешаббода, торик ва нафастангкунандаи шаби Бухоро сар шуда буд (Икромӣ). Аспоне, ки ин гуна сафарҳоро бисёр дидаанд, аз ин тадбир гӯё хабардор буда, дар куҷо гӯронида шудани чизи аз марг халоскунандаи худашонро бо диққати тамом ба назар гирифта мемондаанд (Айнӣ). Ҳоло ҳар коре ки шуда бошад, ба гардани Ортиқ бор мекунанд, ман бошам, як одами ҳалолу рости аз ҳаққи мардум парҳезкунанда шуда мемонам (Айнӣ). Заркафил вақте даркор мешавад, ки қарздор чизи ба гаравдиҳанда надошта бошад, ё чизе ба гарав надиҳад (Айнӣ).

Чунин муайянкунандаҳо пеш аз муайяншавандаҳо ҳам омада метавонад. Ин ҳодиса бештар хоси назм аст:

Пеш аз ману ту лайлу наҳоре будаст,
Гарданда фалак низ ба коре будаст.
(Хайём)

Ҷаҳон мар туро дод яздони пок,
Зи тобанда хуршед то тира хок.
(Фирдавсӣ)

Сифатҳои феълии замони ҳозира хабар шуда меоянд: Ҷӯянда ёбанда аст (зарб.). Ин ангуштарин аз ханҷари дудамаи шумо буррандатару қотилтар аст (Улуғзода). Доруға бояд ки мисли саг газанда бошад (Улуғзода).

Дар забони ҳозираи тоҷик раванди фаъоли ба категорияҳои сифат ва исм гузаштани сифати феълии замони ҳозира мушоҳида мешавад. Агар ин сифатҳои феълӣ як ё якчанд

пешина
аз 457
навбатӣ