Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
Сифатҳои феълии замони ҳозираи тарзи мафҳул аз феълҳои гузаранда ба воситаи феъли ёридиҳандаи «шудан» сохта мешаванд: Сиддиқхон ба илму адабиёт шуғл намуд ва маоши аз подшоҳӣ ба худаш додашавандаро ба китобхари сарф карда, вақти худро тамоман ба мутолиа дод (Айнӣ). Ин тағма ба молҳои ба Россия фиристодашаванда зада мешуд (Айнӣ).
Сифатҳои феълии замони ҳозираи таркибии номӣ бо феълҳои ёридиҳандаи «шудан» тарзи мафҳулро низ ифода мекунанд: Барои рухсат гирифтан далели ба хӯҷаин маъқулшавандае надоштам (Айнӣ). Бояд маблағи сарфшаванда ба воситаи мову шумо ба даст дарояд (Айнӣ).
Сифатҳои феълии замони ҳозираи содда одатан шакли инкорӣ намегиранд. Фақат дар шакли мураккаби тарзи мафҳул ҷузъи ёридиҳандаи он, ки феъл аст, префикси на- қабул мекунад: фаромӯшнашаванда, маъқулнашаванда ва ғайра. Мисол: Бо ҳамин амалиёт Неққадам ҳам ба қатори молҳои ҳеҷ гумнашаванда ва барҳамнахӯрандаи тағмадори бой даромаданд (Айнӣ).
Сифатҳои феълии замони ҳозираи тарзи миёна бо феълҳои монда ифода мешаванд. Онҳо фақат амалу ҳолат ва ё ҳаракатеро чун аломати субъект фаҳмонда, пуркунандаи бевосита намегиранд: Тирҳои жолавор борандаи пулемёт босмачиёни дар як ҷо ғунистодаро тут барин мерехт (Айнӣ). Ба ин ғурриши бод гулдурраси пай дар пай аз дуру наздик ба гӯш расандаи тӯпу туфангҳо низ ҷӯр мешуд (Ниёзӣ). Каси аз дар бароянда як каси қадпаст буд (Айнӣ).
Сифатҳои феълии замони ҳозира хосияти вобастакунии феълӣ доранд. Ин шакл монандӣ феълҳо калимаҳои дигарро ба худ вобаста мекунад ва ибораҳои сифати феълии замони ҳозира месозад: Ӯро бо ҳамроҳии ҷанговари дигар ба як пайраҳаи ба бешазор раванда гусел кард (Ниёзӣ). Гӯё аз ҳуҷуми аспони аз пас оянда худро мудофиа менамуд (Айнӣ). Аробакаш чору ночор розӣ шудааст, ки бо вуҷуди дар пеши ароба нишастанашон аз онҳо баробари равандагони дар паси ароба нишинанда пул гирад (Айнӣ).
Сифатҳои феълии замони ҳозираи гузаранда пуркунандаҳои бевоситаро вобаста намуда, яке аз хусусиятҳои барҷастаи феълии худро нигоҳ медоранд. Бояд қайд намуд, ки ин шакл дар забони адабии имрӯзаи тоҷик ҳамчун сифати феълӣ серистеъмолтар гардидааст:
Шаҳру деҳот, кӯҳу саҳроҳои бепоёну беҳисоби рӯз аз рӯз аз сабзаю чаманҳо рангоранг либос пӯшандаи худро аз назар гузаронем (Ниёзӣ). Чӣ ранги он ва чӣ бӯи ногувори дилу гулӯи касро хафакунанда ба мо ошност («Тоҷикистони Сурх»). То ки харидор ба дами ягон судхӯри пули нақд қарздиҳанда наафтад (Айнӣ).
Ибораҳои сифати феълии замони ҳозираи дигар бо эзоҳи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор