Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
— шунаванда, хондан — хонанда, пӯшидан — пӯшанда, баромадан — бароянда ва монанди инҳо. Ин шакли сифати феълӣ аз баъзе феълҳо сохта намешавад: истодан, хандидан ва монанди инҳо.
б) аз феълҳои таркибӣ: нутқ кардан — нутқкунанда, зи- нат додан — зинатдиҳанда, ҳал кардан — ҳалкунанда ва мо- нанди инҳо.
Шакли сифати феълии замони ҳозира дар замони ҳозира воқеъ гардидани амалу ҳолатро мефаҳмонад. Категорияи за- мон яке аз хусусиятҳои барҷастаи феълии он мебошад. Ин шакл бештар хусусият ва ё амали доимии предметро дар за- мони ҳозира нишон медиҳад: Онҳо дар доираи дидбонии худ на танҳо одамонро, ҳатто шапалакҳои шабпари дар ҳаво пар- возкунандаро, моҳиҳои дар об гардандаро, кирмҳои дар маг- зи хок ҳаракаткунандаро, хулоса ҳар ҷой ва ҳар чизи ҷун- бандаро бо пухтагӣ ва ҳушёрӣ аз назар мегузарониданд (С. Айнӣ). Ин тирҳо кам хато мехӯрданд ва босмачиёни ғулӣ шуда ҳуҷумоварандаро монанди галаи зоғҳои бо сочма зада шудагӣ ба замин мерезонданд (С. Айнӣ). Дар мисоли дуюм маъ- нои замонии сифатҳои феълӣ боз ҳам равшантар ифода гар- дидааст, зеро онҳо ба ҳамдигар аз ҷиҳати замон муқобил гу- зошта шудаанд.
Сифатҳои феълии замони ҳозира гузаранда (донанда, фаҳ- манда, кашонанда, коркунанда, зинатдиҳанда) ва ногузаранда (ҷа- ҳанда, расанда, коркунанда, бозанда, ҳаракаткунанда) ме- шаванд.
Сифатҳои феълии замони ҳозираи гузаранда амалеро ифо- да мекунанд, ки он бевосита ба объект равона мешавад: Хайбар саги бисёр хуб буда, дар андак вақт ҳамаи гуфта- ҳои моро фаҳманда ва вазифаи асосии худро донанда шуда монд (С. Айнӣ). Ман то Москва поездҳои бо сохтмонҳо... ма- шинаҳои бинокорӣ кашонандаро дидаам (М. Турсунзода).
Сифатҳои феълии замони ҳозираи монда одатан амалу ҳолат ва ҳаракати фоилро ифода мекунанд ва пуркунандаи бевосита намегиранд: Ту ба обҳои бозикунон боло ҷаҳандаи фонтан нигоҳ мекунӣ (Ҷ. Икромӣ). Ба ин ғурриши бод гул-дурраси пай дар пай аз дуру наздик ба гӯш расандаи тӯпу туфангҳо низ чӯр мешуд (Ф. Ниёзӣ).
Сифатҳои феълии замони ҳозира се тарз доранд: тарзи фоил, тарзи мафъул ва тарзи миёна.
Сифатҳои феълии замони ҳозираи тарзи фоил фақат бо амали гузаранда ифода мешаванд ва одатан ба объекти бевосита равона мегарданд: Ғурриши гӯшро каркунандае карду аз шикамаш сиёҳ-сиёҳ ду бомбаро партофт (Ф. Ниёзӣ). Зан аз поғонҳо, аз ордену медальҳои сандуқи дили Усмонро зинатдиҳанда чашм намеканд (Р. Ҷалил). Як бемори ба духтуршоҳ худро муолиҷакунанда ҳамин Ҷӯра-корвон буд (С. Айнӣ).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор