Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

равандагон вайрон мекард (С. Айнӣ). Бо хондани навиштаҳои матбуот ва бо шунидани гуфтаҳои радио оташи завқи тамошои пойтахти Ватан дар дили ман торафт баландтар мешуд (А. Деҳотӣ). Хӯрдани ва шириниҳо дар лаълӣ оварда мешуданд (С. Улуғзода). Вай кам-кам ба забон даромад, баъзе дидагиҳояшро ҳикоя мекард («Шарқи Сурх»). Аз дидаву шунидаҳояш гап сар кард (С. Айнӣ).

  1. Сифатҳои феълии исмгардидае, ки бо калимаҳои эзоҳдиҳандаашон омадаанд: Мол надоштагиҳо чӣ мекунанд?
    (Ҷ. Икромӣ). Ва саҳна гузоранда ва ё нависандагони либретто метавонистанд... (Қаҳҳорӣ). Вай аз берун омадагонро ба дарун роҳ намедиҳад (С. Айнӣ). Вазифаи мо, роҳнишинон, барои дар роҳ афтодамондагон ва сармоягирифтагон хизмат кардан аст (С. Айнӣ).

Сифатҳои феълии исмгардидаи гурӯҳи дуюм нисбат ба якум хусусияти феълии худро бештар нигоҳ медоранд.

СОХТИ СИФАТИ ФЕЪЛӢ

Дар забони адабии ҳозираи тоҷик сифатҳои феълӣ аз ду асоси феъл ва масдар сохта мешаванд.

Сифати феълӣ панҷ шакл дорад:

  1. Сифати феълии замони ҳозира: раванда, ҷӯянда, ҳалкунанда.

  2. Сифати феълии замони гузашта дар ду шакл:
    а) шакли якум: омада, шунида, иҷро шуда, хонда баромада.
    б) шакли дуюм: хондагӣ, дода шудагӣ, дам гирифтагӣ.

  3. Сифати феълии замони ҳозира-оянда: мехондагӣ, иҷро мекардагӣ.

  4. Сифати феълии замони ҳозираи муайян дар ду шакл:
    а) шакли якум: хонда истода, давида истода.
    б) шакли дуюм: навишта истодагӣ, шунида истодагӣ.

  5. Сифати феълии замони оянда: хондани, сарф шудани.
    Агар сифатҳои феълии мураккаб ва таркибӣ дар шакли инкор омада бошанд, ҷузъи ёридиҳандаи чунин сифатҳои феълӣ ҳиссачая на- мегирад: фаромӯшнашаванда, дӯхтанашуда, тамомнакарда, хонда набаромадагӣ, ҳал намешудагӣ, тамом нашуданӣ, гӯш накарда истодагӣ, тамом намекардагӣ ва монанди инҳо.

Сифати феълии замони ҳозира

Шакли сифати феълии замони ҳозира аз асоси замони ҳозираи феълҳои гузаранда ва монда бо ҳамроҳ кардани суффикси -анда сохта мешавад:
а) аз феълҳои содда ва сохта: рафтан — раванда, шунидан

пешина
аз 457
навбатӣ