Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
Сифатҳои феълӣ хабари ҷумла ҳам шуда меоянд: Рангҳо парида, чашмҳо дарун рафта, биниҳо тег кашида, дастҳо қубла зада, қафида ва хуншор шуда, пойҳо обила карда ва ҷароҳат пайдо карда ва либосҳо дарида... (С. Айнӣ). Саломатхола бо шавҳараш гашта обдориро нағз омӯхтагӣ... (Ҷ. Икромӣ). Барф рӯи заминро кӯрпа барин пӯшонда гирифтагӣ (Толис).
Сифати феълӣ аз рӯи маъно ва вазифаи синтаксисӣ ба сифат наздик аст, бинобар ин он дар ҷумла ба категорияи сифат мегузарад. Агар дар сифати феълӣ хусусияти грамматикии замон, тарз, намуд ва вобастакунии феълӣ суст гардад ё гум шавад, албатта, он аввал ба сифат, баъд ба исм мегузарад. Дар мисолҳои зерин сифатҳои феълӣ ба сифати аслӣ гузаштаанд ва ҳатто дараҷаҳои қиёсӣ гирифтаанд: Ба фикри ман ҳам таклифи Саидмуҳаммад — таклифи пухтагӣ (Ҷ. Икромӣ). Ӯ аз забони зани шӯридаву беқарораш тафсили воқеаро шунида буд (С. Улуғзода). Теғе аз ман бурандатар набувад — Барқе аз ман ҷаҳандатар набувад (А. Лоҳутӣ). Имконият дод, ки шарикаш осудатар хоб кунад (Ҷ. Икромӣ). Ба ӯ раҳбарии бригадаи аз ҳама ақибмондаро супориданд (газета). Инро мо рӯзи гузашта харида будем, Пётр (Р. Ҷалил).
Сифати феълӣ дар ҷумла ҳамчун исм ҳам кор фармуда мешавад. Маълум аст, ки сифати феълӣ аломати предметҳои мухталифро ифода карда метавонад ва доираи истеъмоли он ниҳоят васеъ аст, аммо сифати феълии исмгардида фақат предмети муайяни ба ҳамин аломат молик бударо эзоҳ медиҳад. Сифатҳои феълии исмгардида дорои хусусияти асосии исм мегарданд:
а) категорияи шумораро ифода мекунанд ва суффиксиҳои ҷамъбандӣ мегиранд: кор мекардагиҳо, омада истодагиҳо, ҳуҷумоварандагон, нишастагиҳо.
б) бо пешояндҳо ва пасояндҳо меоянд: аз рафта истодагон, бо равандагон... Ёдгор шунидаҳояшро ягон-ягон ба Гулнор нақл кард (С. Айнӣ).
Сифати феълии исмгардида дар ҷумла вазифаи синтаксии исмро адо карда метавонад: Ҷӯянда (мубтадо) ёбанда аст (зарбулмасал).
Раис бо кор карда истодагиҳо (пуркунанда) саволу ҷавоб карда гузашта мерафт (С. Улуғзода). Номашро соли гузашта дар рӯйхати орден гирифтагиҳо (муайянкунанда) дидам (Толис). Донистагии (мубтадо) худам ба худам маъқул буд (Ҳ. Карим).
Сифатҳои феълии замони ҳозира ва гузаштаи шакли якум бештар ҳамчун исм кор фармуда мешаванд.
Сифатҳои феълии исмгардида ду хел мешаванд:
- Сифатҳои феълии исмгардидае, ки бе калимаҳои эзоҳдиҳанда меоянд: Ҳоло ҳам роҳи калони аз пеши ин майдонча гузаранда бо равандагон пур, ҳоло ҳам оромии шабро садои

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор