Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
ифода мекунанд: Бой як бурда нони қоқи ҳаррӯза ба Ятим медодагиашро харҷи барзиёд донист (С. Айнӣ). Аз ғур-ғуру ак-аки сагҳои ба атрофи онҳо ҷамъ мешудагӣ ҳама безор мешуд (А. Деҳотӣ). Аз зарраҳои ба рӯяш задаистодаи об лаззат мебурд (Р. Ҷалил). Бо фармони Рӯзимурод аз дунболи босмачиёни гурехта рафта истодагӣ тир андохтанд. (С. Айнӣ).
Сифати феълӣ ҳамчун сифат шакли ҷамъ намегирад ва чун муайянкунанда ба ибораи изофии аломат дохил шуда, асосан пас аз муайяншаванда ҷой мегирад: одамони омадагӣ, офтоби тулӯъ карда истода, образи фаромӯшнашаванда, тутҳои хӯрдани.
Мисол: Ин тамға он тамға буд, ки ба молҳои ба Россия фиристодашавандаи бой, ба гӯсфандон дар рама будаи он, ба аспҳо ва молҳои сиёҳи дар гала будааш ва ба шутурҳои дар қатор гаштааш зада мешуд (С. Айнӣ).
Гоҳо монанди сифатҳо пеш аз муайяншаванда омадани сифати феълӣ низ дида мешавад ва бештар хусусияти гуфтугӯӣ дорад: Дар хона нигоҳубин мекардагӣ одам ҳам надорад (Ҷ. Икромӣ). Дар он ҷо шуморо мешинохтагӣ одамҳо бисёр буданд (С. Улуғзода). Ба пул мерафтагӣ чизаш ҳам намонд (С. Айнӣ).
Ин ҳодиса дар назм, махсусан дар назми классикӣ бештар мушоҳида мешавад:
Хон навоҳои баҳори давру даврони Ватан!
Хон ғазалҳои шукуфта шаҳру қишлоқи чаман.
(А. Деҳотӣ)
Пароканда лашкар наояд ба кор,
Дусад марди ҷангӣ беҳ аз сад ҳазор.
(А. Фирдавсӣ)
Бигашт андар ин низ як шаб сипеҳр,
Чу барзад сар аз кӯҳ тобанда меҳр.
(А. Фирдавсӣ)
Сифатҳои феълӣ ба вазифаи ҳол фаровон истеъмол мешаванд:
Аз гӯшҳои дури зиндон ҳунгос зада гиристани марде шунида шуд (С. Улуғзода). Суханро наандешида, насанҷида магӯ (зарб.). Сартароши солхӯрда деҳқони ҷавонеро рӯи санг шинонда мӯи сарашро метарошид (С. Улуғзода). Дӯст гирённда гап мезанад, душман ҳандонда (зарб.). Азимшоҳ гум шудани ду гӯсфанди худро шунида ҳеҷ изҳори андӯҳ накард (С. Айнӣ). Нуралӣ аз пеши тамошобинон гузашта истода ба тарафи онҳо як назар андохт (С. Улуғзода).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор