Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
балки дар ҷумла аз ҳам дур воқеъ мешаванд: Қабул он қадъяро чун ёдгори пурбаҳо кардам (М. Турсунзода, Ду рӯ- молча). Шабона дарсҳои гузаштаро такрор ва дарсҳои хон- дашуданиро тайёр мекардам (С. Айнӣ, Ёддоштҳо).
Ҷои худро тағьир додани ҷузъҳои феълии таркибӣ номӣ дар назм вобаста ба қонунияти каломи мавзун воқеъ меша- вад. Чунончи:
Чу мебинам, туро, эй рӯди Помир,
Замони хурдсолӣ мекунам ёд.
(М. Миршакар)
Феълҳои таркибии феълӣ
Феълҳое, ки ҷузъҳои таркибиашон аз шаклҳои гуногуни феълӣ иборат буда, ҳамчун як воҳиди луғавӣ ё грамматикӣ ба ҳисоб гирифта мешаванд, феълҳои таркибии феълӣ номи- да мешаванд.
Агар шаклҳои таркибии тарз, намуд, сиға ва замонҳои феъл ба эътибор гирифта шаванд, феълҳои таркибии феълӣ сершаклтарин ва сермаҳсултарин категорияи феълҳои тар- кибӣ ба шумор мераванд. Гурӯҳи феълҳои таркибии феълӣ, ки ба шакли хондан гирифт, хоҳад хонд, хондан мехоҳад, ни- гаронида шуда буд, гуфта мегашт, хӯрда нишаста шудааст ва амсоли инҳо бо феълҳои ёридиҳанда кор фармуда меша- ванд, вазифа ва аҳамияти грамматикӣ доранд.
ПАС, ин ҷо сухан дар бораи чунин феълҳои таркибии феъ- лӣ меравад, ки ҷузъи якуми онҳо ҳамчун қисми асосӣ ва соҳибмаънои феъл одатан аз шакли феъли ҳол (сифати феъ- лии замони гузашта бо суффикси -а) ва ҷузъи дуюмашон аз шаклҳои тасрифии феълҳои ёридиҳанда иборат буда, маъни- мои луғавӣ, тобишҳои услубӣ ва қисман грамматикиро ифо- да мекунанд. Ин гуна феълҳои таркибӣ феълҳои таркибии феъли ҳолӣ низ номида мешаванд. Масалан: гуфта додан, навишта гирифтан, ларзида мондан, сар дода фиристодан ва ғайра.
Ҷузъҳои феъли таркибии феълӣ (феълиҳолӣ) аз ҷиҳати маънои луғавӣ ё таносуби маъно ҳамеша як хел нестанд: аксар ҷузъи якум ҳамчун феъли асосӣ, аммо ҷузъи дуюм ҳамчун ёридиҳанда меояд: омада мондан, гуфта додан, хонда баромадан ва ғ., баъзан ҳар ду ҷузъ баробармаъно меша- вад: омада рафтан, харида додан, пухта овардан ва амсоли инҳо; гоҳо маънои асосиро ҷузъи дуюм ифода мекунад: зада гирифтан, монда рафтан ва ҳоказо.
Ба ин маъно дар таркиби феълҳои таркибии феълӣ (феъ- лиҳолӣ) бисёр феълҳо, ки аксарашон аслан феъли мустақиланд,

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо