Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

На танҳо кор надоранд, ҳатто онҳоро ҳурмат ҳам мекунанд (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Ҳоло то ба қишлоқ рафтанамон ду-се бор омада хоб ҳам мекунам (Ф. Ниёзӣ, Духтари ҳамсоя). Фаромӯш набояд кард, ки директор дар мактаб муаллим ҳам мебошад (Маориф ва маданият, 18.XII-71). Духтарам мактабашро тамом ки кард, баъд ба ин масъала бармегардем.

  1. Дар байни ҷузъҳои феъли таркибии номӣ калимаю ибораҳо ҳамчун муайянкунанда меоянд. Масалан:

Ҳардуямон ҳам ҳадафи чашмон гардидем.— Ва Одилов ҳам аз ҷояш хеста мунтазири амр шуда истод (Ҳ. Карим, Оқшуда). Аз ман шубҳаи беҷо накунед,— гуфт... марди ношинос (Ҷ. Икромӣ, Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро). Хайр, ҳусни зоҳирӣ насиби бисёр занон мешавад (Ф. Муҳаммадиев, Сози Мунаввар). Як силсила тарҷумаҳои нав низ пешкаши хонандагони тоҷик шуданд (Маориф ва маданият, 18.XII-71).

  1. Дар байни ҷузъҳои феъли таркибии номӣ калима ва ибораҳо ба вазифаи пуркунанда меоянд ва ҷузъҳои феъл, чунон ки дар мисолҳои боло дида шуд, аз ҳамдигар дур мешаванд. Масалан, ҷумлаи якум бо ҷумлаҳои дигари зерин муқоиса карда шавад:

Мунавваршоҳ ба навохтан шурӯъ кард (Ф. Муҳаммадиев, Сози Мунаввар). Насими субҳидам шурӯъ ба вазидан менамуд (Ҳ. Карим, Оқшуда). Наим худи ҳамон рӯз ба қишлоқаш баргашту дигар ёди Бухороро накард (Ҷ. Икромӣ, Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро). Зан... чанд қадам дуртар аз Саид Амон, дар лаби ҷӯйчаяш беоб нишаст ва гӯш ба садои тор дод (Ф. Муҳаммадиев, Сози Мунаввар).

  1. Дар байни ҷузъҳои феъли таркибии номӣ калимаву ибораҳо ба вазифаи ҳолшарҳкунанда низ омада метавонанд. Чунончи: Вақте ки мо аз он ҷо дур мешудем, офтоб рӯ ба ғуруб ниҳода буд (Ҳ. Карим, Оқшуда).

  2. Ҳангоми чида шуда омадани феълҳои таркибии номӣ феъли ёридиҳанда бо ҷузъи охирин омада, ҷузъҳои дигар дар шакли номӣ (ноқис) меоянд: Масалан:

Дар ин колхоз одамони нуздаҳ миллат якҷоя тифоқ зиндагӣ ва кор мекунанд (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ). Баъдтар рафта-рафта вазнин ва ҳалим шуда монд (Ф. Муҳаммадиев, Сози Мунаввар).

Мисолҳои осори насрии бадеӣ нишон медиҳанд, ки ҷузъҳои феълҳои таркибии номӣ на танҳо аз як ё ду, балки аз се ё чор калима иборат буда, ба воситаи як феъли ёридиҳанда ташаккул меёбанд:

Ин рӯшноӣ кам-кам паҳнтар, баландтар ва камрангтар шудан гирифт (С. Айнӣ, Ёддоштҳо)... баъзеҳо мушоира, баъзеҳо тахтабозӣ, баъзеҳо музыканавозӣ ва мусиқашунавӣ мекарданд (С. Айнӣ, Ёддоштҳо).

  1. Ҷузъҳои феълҳои таркибии номӣ на танҳо паи ҳам,
пешина
аз 457
навбатӣ