Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
анҷом ёфтан, гап задан, чарх задан, хунук задан; хунук хӯрдан, тоб хӯрдан, ғам хӯрдан, фиреб хӯрдан ва ҳоказо.
Гурӯҳи дигари феълҳо аз қабили рафтан, андохтан, дӯхтан, бастан, кашидан, бурдан ва ғ. бо миқдори ками исмҳо феъли таркибии номӣ месозанд. Ин гуна феълҳо дар таркиби феълҳои номӣ чун ёридиҳанда омада, вазифаи грамматикиро адо мекунанд ва азбаски маънои аслии луғавии онҳо як андоза нигоҳ дошта шудааст, ба феъли таркибии номӣ тобиши луғавии иловагӣ мебахшанд. Чунончи: рафтан — роҳ рафтан, андохтан — назар андохтан, тир андохтан, дӯхтан — чашм дӯхтан, бастан — умед бастан, нақш бастан, кашидан — расм кашидан, азоб кашидан, бурдан — пай бурдан ва ғайра.
Чунин ибораҳои феълии устувор низ ба гурӯҳи феълҳои таркибии номӣ дохил мешаванд: қаҳрам омад, хобам омад, хобам бурд, димоғам сӯхт, ба дилам зад ва монанди ин.
Дар таркиби феъли таркибии номӣ омадани
унсурҳои грамматикӣ
Азбаски ҷузъи асосии феъли таркибии номӣ аз ҳиссаи номии нутқ иборат аст, дар ҷумла ҳолатҳое рӯй медиҳад, ки дар натиҷаи он зоҳиран шакли муқаррарии феъли таркибӣ вайрон мешавад; ҷузъи номӣ аломате қабул мекунад; калима ё иборае дар байни феъли таркибӣ омада, ҷузъи номӣ ва феълиро аз ҳамдигар дур мекунад; лекин аз чунин ҳолатҳо муносибати байни ҷузъҳои феъли таркибии номӣ тағйир намеёбад. Яке аз хусусиятҳои феъли таркибии номӣ маҳз ҳамин аст, ки дар лаҳзаҳои зер мушоҳида мешавад:
- Ҷузъи номии феъли таркибии номӣ аломатҳои ҷудогонаи грамматикӣ қабул мекунад. Масалан, ҷузъи номӣ исм бошад, суффикси ҷамъбандии -ҳо ва суффикси номуайянии
-е, сифат бошад, суффикси қиёсии -тар қабул мекунад. Исму сифат бо бандакҷонишини соҳибӣ низ омада метавонанд. Мисолҳо:
Арбоб тамоми овози чирросии худро сар дода, дӯғу пӯписаҳо кард (Р. Ҷалил, Шӯроб). Мунавваршаҳ ба Саид Амон «марҳамат кунед» гуфтагӣ барин ишорате кард (Ф. Муҳаммадиев, Сози Мунаввар). Ин хандаи болохонадор Солеҳро боз оташинтар кард (Ҳ. Карим, Оқшуда). Ёшандагони дараме, ки шумо дар фасли аввал тамошояш кардед, ҳамагӣ ба кору коҷоли худ сокӯл буданд (С. Айнӣ, Дохунда). Чунон ки худаш мегӯяд, ӯро даврони советӣ ҷавон ва пурзӯраш кардааст (Ҳ. Карим, Оқшуда).
- Дар байни ҷузъи феъли таркибии номӣ пайвандакҳои ҳам, ки ва калимаи (феъли) модалии бояд омада метавонанд.
Чунончи:

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо