Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
Ба пеши чашми аппарат як заминкане пайдо мешавад (Ҳ. Карим, Оқшуда). Баъдтар рафта-рафта сарҳадро бастан лозим омад, чунки мо дар зиндагонӣ роҳи нав пеш гирифтем. — Дигар чизе нагуфта бадар рафт (Ф. Муҳаммадиев, Сози Мунаввар). Амалдор Маҳрам ҳам Ёдгорро пеш андохта, аз дунболи ин бандӣ ба арк нигоҳ карда равон шуд (С. Айнӣ, Дохунда).
- Калимаҳои тақлиди овозӣ ҳам ҷузъи номии феъли таркибӣ шуда метавонанд. Дар ин маврид ин гуна калимаҳо маънии исмӣ пайдо мекунанд: ғуввос задан, шуввос задан, ғур-ғур кардан, тақ-тақ кардан ва ғ.
Пайдо шудани одами ношиносро ба хотир оварда, аъзои баданаш виҷиррос зада рафт (Ф. Ниёзӣ, Духтари ҳамсоя). Дар зери чархҳо гоҳе муми нарми часпак, гоҳе сангрезаҳои хушк фишор хӯрда, шуввос мезаданд. — Аҳмадбек ба қадам-монии шахси оянда зеҳн монда, дилаш чиғғӣ карда рафт (Ф. Муҳаммадиев, Сози Мунаввар).
Ҷузъи феълӣ
Ҷузъи дуюми феълҳои таркибии номӣ аз феъл иборат аст. Ғайр аз феълҳои ёридиҳандаи кардан, шудан, намудан, гардидан, ки маънои луғавиашон кайҳо гум ё суст шудааст, дар феълсозӣ ва таркибсозии феълӣ боз як гурӯҳ феълҳои соддаи аслан мустақил ҳамчун феъли ёридиҳанда меоянд. Дар ин маврид маънии луғавии онҳо суст шуда, вазифаи нави грамматикӣ пайдо мекунанд, ҳиссаҳои номиро ҳамчун феъл сурат медиҳанд.
Ҳамин тариқа, ҷузъи феълии феълҳои таркибии номӣ ҷузъи тасрифшаванда буда, категорияҳои шахсу шумора, замон, тарз ва намуд ба туфайли он, яъне ба воситаи феълҳои ёридиҳанда ифода меёбанд.
Феълҳои ёридиҳандаи кардан (намудан) ва шудан (гардидан, гаштан) хеле серистеъмоланд. Бо ёрии феъли кардан аз ҳиссаҳои номӣ бештар тарзи фоилии феъл, аммо бо ёрии шудан тарзи мафъулӣ, феълӣ монда сохта мешавад. Чунончи: озод кардан — озод шудан, тайёр кардан — тайёр шудан, бедор кардан — бедор шудан; тамошо кардан, хоб кардан, ҳам шудан, зард шудан, ҳозир шудан...
Адади феълҳои ёридиҳанда дар феълсозӣ ва таркибсозии феълӣ аз ҳисоби феълҳои аслан мустақили гирифтан, додан, доштан, ёфтан, задан, хӯрдан, сохтан ва ғ. меафзояд. Феълҳои мазкур чун ёридиҳанда омада, феъли таркибӣ номӣ месозанд: ёд гирифтан, дам гирифтан, авҷ гирифтан; ёд додан, ҳаво додан, ривоҷ додан; дӯст доштан, нигоҳ доштан, масхара доштан; зафар ёфтан, сиҳат ёфтан, табдил ёфтан,

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо