Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
ҳамчун феъли ёридиҳанда меоянд. Феълсозӣ бо ёрии ин гуна феълҳо дар забони гуфтугӯӣ ва адабии ҳозираи тоҷик хеле серистеъмол аст. Дар феълҳои таркибии феълӣ (феҳлиҳолӣ) чунин феълҳо ба сифати ёридиҳанда (одатан ҷузъи дуюм) меоянд:
-
баромадан: Ду бор садтагӣ шумурда баромад, ин ҳам мадад накард (Ҳ. Карим, Оқшуда). Яке аз ҷавонҳои мо аз кифташ сахт лат хӯрд, маъюб шуд, чанд моҳ дар табобатхона хоб карда баромад (Ф. Муҳаммадиев, Сози Мунаввар).
-
бурдан: гирифта бурдан, харида бурдан, рӯфта бурдан ва ғ.
-
гаштан: Дар баъзе мамлакатҳо қабристон чароғон аст ва мардум он ҷо чун дар бӯстоне саёҳат карда мегарданд (Ф. Муҳаммадиев, Сози Мунаввар).
-
гирифтан: Фақат дарсҳои навро гӯш мекард, навишта мегирифт ва дар синф аълохон буд (Ҷ. Икромӣ, Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро). Муҳаббат ба пакет синча карда, мактубро бароварда гирифт ва коғазро яла кард (Ҳ. Карим, Оқшуда).
-
гузаштан: Луқмаҳои нон гулӯяшро харошида гузаштанд (Ф. Муҳаммадиев, Сози Мунаввар). Дар ин ҷо маҷлиси ҳисоботию интихоботии ташкилоти ибтидоии партиявии беморхонаҳои район шуда гузашт (Маориф ва маданият, 17-XII-71).
-
дидан: Шафеъ гуфт, ки ҳамон коғазро хонда бинед (Ф. Муҳаммадиев, Сози Мунаввар). Мо натиҷаи кори ҳар касро санҷида мебинем.
-
додан: Дар охир арӯсу домод ҳам барои хурсандии меҳмонон навбат ба навбат таронаҳо хонда доданд (Ҳ. Карим, Оқшуда). Кори партияро пурқувват кун, газетаю журналҳо хонда деҳ, ба лексияҳо гирифта бар (Р. Ҷалил, Шӯроб).
-
истодан: Номи мо ҳам як бор-ним бор ба газета баромада истодааст-дия (Ҳ. Карим, Оқшуда). Мо... ин ҳангомаро аз дур тамошо карда меистодем (Ф. Муҳаммадиев, Сози Мунаввар).
-
мондан: Дирӯз дар кӯчаи Ленин ошнои деринаам Ҷӯра Холдоровро дида мондам (Ҳ. Карим, Оқшуда). Шукуров сари калони сермӯяшро ҷунбонда монд (Р. Ҷалил, Шӯроб). Хайрият, ки як одами баинсоф ӯро ба клуб оварда мондааст (Ҷ. Икромӣ, Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро).
-
нишастан (шиштан): хонда нишастан, сӯҳбат карда нишастан, гап зада шиштан ва ғ.: Бо ин духтарак ҳар гуна воқеаҳои ғалатӣ рӯӣ дода буд, ки ман ҳамаи онҳоро ба шумо нақл карда намешинам (Ҳ. Карим, Оқшуда).
-
овардан: Дугонаҳоятон махсус барои ҳамин маросим фатирҳои равғанин пухта оварданд (Ф. Муҳаммадиев, Сози Мунаввар). Барои бачаҳо аз бозор мева харида биёред!
-
омадан: Аз бозе, ки вақоеъро таърих қайд мекунад, то имрӯз дар диёри Мовароуннаҳр ва Туркистон, чунон ки як қавми муаззам ба номи тоҷик ё ки тозик истиқомат дорад,

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо