Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
Феълҳои таркибии номӣ
Феъле, ки таркибаш аз ҳиссаҳои номии нутқ ва феъли ёридиҳанда иборат аст, феъли таркибии номӣ мебошад.
Ҳар як феъли таркибии номӣ як воҳиди луғвӣ, ҳиссаи нутқ ва як аъзои ҷумла ҳисоб меёбад. Аз ин ҷиҳат байни ҷузъҳои феъли таркибии номӣ на алоқаи синтаксисӣ, балки таносуби маъноӣ ва мувофиқати морфологӣ мавҷуд аст. Ба ин маъно байни таркибҳои тоза чидам ва тоза кардам фарқи куллӣ дида мешавад: дар байни ҷузъҳои таркибии аввал алоқаи синтаксисии ду ҳиссаи нутқ (зарф ва феъл) ё ду аъзои ҷумла (ҳол ва хабар) мавҷуд асту байни ҷузъҳои таркибии сонӣ мувофиқати шаклию маъноии ифодакунандаи маънии як воҳиди луғвӣ дида мешавад. Муносибати ҷузъҳои таркибии ёрӣ талабидам ва ёрӣ додам низ монандӣ ду таркиби аввала мебошад.
Ҳамин тариқа, аз сабаби мавҷудияти алоқаи синтаксисии байни ҷузъҳо ибораҳои тоза чидам, ёрӣ талабидам, даст расондам ва амсоли инҳо таркибҳои синтаксисӣ, аммо ба сабаби мавҷудияти танҳо мувофиқати шаклию маъной таркибҳои тоза кардам, ёрӣ додам, мадад расондам ва монанди инҳо таркибҳои морфологӣ мебошанд. Ҳар яке аз ин таркибҳои морфологӣ ҳамчун воҳиди луғвӣ, як ҳиссаи нутқ, яъне ҳамчун феъли таркибии номӣ ба ҳисоб гирифта мешавад.
Таркиби морфологии феълҳои таркибии номӣ
Таркиби феълҳои таркибии номӣ аз ду ҷузъ иборат аст: ҷузъи номӣ ва ҷузъи феълӣ.
Ҷузъи номӣ
Ҷузъи номӣ ҷузъи асосӣ ва соҳибмаъной феъли таркибии номӣ буда, маънои феъпро муқаррар ва муайян мекунад. Дар феълсозӣ ҳиссаи сермаҳсул исм ва сифат мебошанд. Масалан:
- Исм — ҷузъи феъли таркибии номӣ мешавад ва хеле сермаҳсул аст: кор кардан, хизмат кардан, ҷустуҷӯ кардан, бовар кардан, муаллимӣ кардан, ишорат намудан, сарф шудан, ҳаво додан, анҷом ёфтан, воқеъ гаштан, чашм андохтан, қадам гузоштан, ҷавоб гардондан, чарх задан, қасос гирифтан ва м. ин.
Мо барои бахт, барои саодати худамон ва насли ояндаамон кор мекунем (Ҳ. Карим, Оқшуда). Раву бахти худро ҷустуҷӯ кун (Р. Ҷалил, Шӯроб). Дар баъзе ҷойҳо ҳанӯз ҳам дуд фаввора мезад (Ҷ. Икромӣ, Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро). - Сифат — ҷузъи номии феъли таркибӣ мешавад: озод кардан, босавод кардан, сафед кардан, тоза кардан, пароканда

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо