Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

Агар феъл аз асоси феъли гузаранда сохта шавад, вай дар баробари феъли бавосита шудан маънои гузарандаи дукаратаро мефаҳмонад: хон — хонон — хононид (хононд) — хононидан; хӯр — хӯрон — хӯронд — хӯрондан; каш—кашон— кашонид — кашонидан.

Вай чӣ тавр кард, накард, ки куртаашро аз китфаш фуроваронд (Р. Ҷалил, Шӯроб). Симои Озодаи имрӯзаро, андӯк ҳам бошад, ба ман шиносонд (Ҳ. Карим, Оққуда). Баъд аз мурдани падари Одина, ки хонааш дар деҳае аз музофоти Қаротегин буд, қозии он ҷо мулозим ва муфтӣ фиристода, моли ӯро тарака кунонид (С. Айнӣ, Куллиёт, ӯ. 1).

ФЕЪЛҲОИ ТАРКИБӢ

Феълҳое, ки аз ҳиссаҳои гуногуни нутқ ва феълҳои ёридиҳанда таркиб ёфта, ҳамчун воҳидҳои ҷудогонаи лексикаи феълӣ маъниҳои алоҳида ва баъзе тобишҳои грамматикию услубиро ифода мекунанд, феълҳои таркибӣ номида мешаванд.

Қариб ҳамаи феълҳои таркибӣ, қатъи назар аз таркиби морфологияшон, шакли масдарӣ доранд ва ҳамчун воҳидҳои луғавӣ воқеъ мешаванд. Масалан: кор кардан, тайёр шудан, ба ҳисоб гирифтан, зӯр омадан, гуфта додан, навишта гирифтан, чашида дидан ва ғайра.

Аз ин ҷиҳат ҳам феълҳои таркибӣ аз шаклҳои таркибии намуд, сиға ва замонҳои феъл фарқ мекунанд. Азбаски шаклҳои таркибии категорияҳои номбурда маънию мафҳумҳои грамматикӣ доранд, масдари онҳо одатан на аз шакли пурраи таркиби феълӣ, балки аз ҷузъи асосии он ташкил меёбад. Чунончи, масдари феълӣ хоҳам рафт — рафтан; — хонда истодам, хонда истода будам — хондан; гирифто истода бошам — гирифтан; тайёр шудан ва ғайра.

Шакли масдари гирифтани як қисми чунин таркибҳои феълии намуд, сиға ва замон низ мумкин аст, лекин дар онҳо на маънои луғавӣ, балки маънои грамматикии категорияҳои феъл, бештар давомнокӣ, ғолиб мебошад. Феълӣ будан умуман ба таркиби масдарии феълҳо дохил намешавад. Масалан: навишта истодаам — навишта истодан (давомнокии амал); фикр карда гашта будам — фикр карда гаштан (давомнокии амал) ва ҳоказо.

Дар забони ҳозираи тоҷик феълҳои таркибӣ торафт инкишоф меёбанд. Ин тарзи феълсозӣ хеле сермаҳсул ва серистеъмол аст.

Феълҳои таркибӣ ба эътибори таркиби морфологияшон ба ду гурӯҳи калон ҷудо мешаванд: феълҳои таркибии номӣ ва феълҳои таркибии феълӣ (феълҳоил).

пешина
аз 457
навбатӣ