Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

фиребидан — фиреб додан, фиреб хӯрдан, анҷомидан — анҷом ёфтан ва ғ. Масалан, муқоиса кунед:

Пирамарди посбон дар пеши мошини ғаллакӯбӣ ба рӯи нимкати симинаш ором мехобид (Ф. Муҳаммадиев, Сози Мунаввар). Намедонад, ки вай чӣ вақт хоб кард, чӯраҳо чӣ шуданд, ба куҷо рафтанд (Ҷ. Икромӣ, Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро). Биссёртари онҳо дар нисфҳои шаб, вақте ки мардуми деҳа ором ба хоб мераванд, меоянд (Ҳ. Карим, Оқшуда).

б) Аз исму сифат бо суффикси -он асоси замони ҳозираи феъл сохта мешавад, пас бо иловаи суффикси -ид (ё -д) асоси замони гузашта ба вуҷуд меояд ва бо суффикси -ан шакли масдарӣ мегирад.

Ҳамин тариқа, суффикси мураккаби -онид ё -онд аз исму сифатҳои ҷудогона асоси замони гузашта месозад, ки вай нисбат ба шакли асоси замони ҳозира серистеъмолтар аст. Масалан: таҷҳиз — таҷҳизон — таҷҳизонид — таҷҳизонидан; рақс — рақсон — рақсонд — рақсондан; тез — тезон — тезонид (тезонд) — тезонидан; хушк — хушкон—хушконид--хушконидан ва ғ.

Аз рӯи ҳамин қолиби калимасозӣ баъдтар феълҳои нав ба нав пайдо шудан гирифтанд, ки мафҳумҳои сиёсию иҷтимоӣ ва илмию техникиро ифода мекунанд. Чунончи: мукофото-нидан, коллективонидан, колхозонидан, механикиндан, элек-триконидан ва м. ин.

Ин гуна феълҳои сохтаи номӣ, ки бештар дар забони матбуот ва адабиёти сиёсию иҷтимоӣ истеъмол мешаванд, то-биши маъноии феъли бавоситаро низ доранд, ки бо суффикси -он ифода меёбанд. Чунончи:

Боди маҳини субҳи баҳор мӯйҳои ҷингилаи ӯро мерақ-сонд, шуоъҳои хуршед дар қабатҳои вай тана мемонданд (Ҳ. Карим, Оқшуда). Партия ва ҳукумат фаъолияти меҳнатии коргарону колхозчиёнро тақдир карда, бисёре аз онҳоро бо ордену медальҳо мукофотониданд.

  1. Бо иловаи суффикси -он аз асоси замони ҳозираи феъли бевосита шакли дигари асоси замони ҳозира сохта мешавад, ки он феъли бевосита мебошад. Асоси замони гузаштаи чунин феълҳо бо суффикси -ид (-д) сохта мешавад. Агар чунин асос аз феъли монда сохта шуда бошад, феъли гузарандае ҳосил мешавад, ки вай дар айни ҳол бавосита аст: рав—равон — равонд — равондан; дав — давон — давонд — давондан; сайр кун — сайр кунон — сайр кунонд — сайр кунонидан ва м. ин.

Заҳроро дар он канори ҳавз, зери дарахти бед шинонд.— Ин гапи Гулбону шавҳарашро тамоман дар ҳайрат момонд. (Ҳ. Карим, Оқшуда). Кемаи Мунавваршоҳ одаму мошинаҳоро аз ҳамон наҳр мегузаронад.— Шаббода қувват гирифта, ба хирманҷой бӯи пудина ва шувваси мавҷҳои Ванҷобро мерасонид (Ф. Муҳаммадиев, Сози Мунаввар).

пешина
аз 457
навбатӣ