Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
дар ҷавлон аст (С. Айнӣ, Дохунда). Барои кор ба шаҳр меравем, баъд аз се моҳ бармегардам. — Рӯзе Боби ба чӣ хаёле ба канори наҳр мефуромад (Ҳ. Карим, Оқшуда). Ин хабар бояд аз остонаи ин хона берун набарояд (Ҷ. Икромӣ, Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро). Ҳар ҷо-ҳар ҷо сутунчаҳои сарҳадди давлатӣ вомехӯранд (Ф. Муҳаммадиев, Сози Мунаввар).
Суффиксҳои феълсоз
Суффиксҳои калимасози феъл назар ба префиксҳои ин ҳиссаи нутқ аз ҷиҳати ақад зиёд набошанд ҳам, хеле серистеъмолу сермаҳсуланд. Дар ин бобат асосан суффиксҳои -ид ва -он ба назар мерасанд, ки калимасозӣ бо онҳо бо тобишҳои грамматикӣ ба таври зер воқеъ мешавад:
- Феълҳои сохтаи номӣ. Як гурӯҳ феълҳо аз исм ва сифат бо иловаи суффиксҳои -ид ва -он (онид) ҳосил мешавад, ки ин гуна феълҳо феълҳои сохтаи номӣ мебошанд. Дар тарзи калимасозӣ бо ин суффиксҳо, бо вуҷуди умумияти асосҳои номӣ, фарқе дида мешавад:
а) Аз исм ва сифатҳое, ки маънои луғавиашон андаке тобиши феълӣ ҳам дорад, бо иловаи суффикси -ид асоси замони гузаштаи феъл сохта шуда, бо суффикси -ан шакли масдарӣ мегирад. Чунин феълсозӣ бо исм сермаҳсултар, бо сифат каммаҳсул мебошад. Масалан: завқ — завқид — завқидан; ном — номид — номидан; талаб — талабид — талабидан; хоб — хобид — хобидан; фиреб — фиребид — фиребидан; ҷанг — ҷангид — ҷангидан; сабз — сабзид — сабзидан; хушк — хушкид — хушкидан...
Инро партия металабид, инро ҳукумат металабид. — Ситораи субҳ ба ҳоли инҳо мезавқид. — Ба таги кӯрпа даст андохту палмосид (Ҳ. Карим, Оқшуда). Он шаб ҳар яке аз аҳли оила бо як фикре ва бо як хаёле хобиданд (Ҷ. Икромӣ, Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро). Аз дасти паҳлавони навбаромад Муҳаммадмуроди ҳангоматалаб чанд бор шуд, ки маҳракаҳои хурсанди барои ӯ бо парешонию нохушӣ анҷомидааст (Ф. Муҳаммадиев, Сози Мунаввар). Ин ҷавон дар пеши назари худамон сабзид.
Аксарияти феълҳои сохтаи номӣ бо суффикси -ид вобаста ба тобиши маъноии асосиашон дорои хусусияти дубаҳра мебошанд, ки он аз калимасозӣ ва таркибсозии ҳаммаъно иборат аст. Ҳар як феъли сохтаи номӣ бо суффикси -ид шакли таркибӣ ҳам дорад, ки ин ҳар ду баробармаъност. Шаклҳои таркибии ин гуна феълҳои сохта бо феълҳои ёридиҳандаи кардан, шудан, додан, ёфтан, задан, рафтан, гардидан... сурат мегиранд. Чунончӣ: хобидан — хоб кардан (хоб рафтан), талабидан — талаб кардан, сабзидан — сабз шудан, оромидан — ором шудан (ором гардидан), чархидан — чарх задан,

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо