Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
Оқшуда). Ҳайдарқул пеш-пеш, Саидпаҳлавон, Мирак ва Асо аз қафои вай ба пеши дарвоза, ба роҳи калон фаромаданд (Ҷ. Икромӣ, Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро).
Ёдоварӣ: Маънои мустақили калимаҳои фурӯ, фуруд, фаро хеле суст шуда бошад ҳам, онҳо ҳанӯз пурра ба гурӯҳи префиксҳои калимасози феъл нагузаштаанд. Бинобар ин бо феъл омадани онҳо зоҳиран ҳамчун феҳли таркибии номи воқеъ мегардад: фурӯ рафтан, фурӯ нишастан, фурӯ овардан, фурӯ бурдан, фуруд омадан, фуруд овардан.
Дар ин мисолҳо калимаи фурӯ ва фуруд бо феъл тобиши маъноии префиксҳои фур- ва фар-ро доранд. Аммо калимаи фаро ҳаракати атрофи чизеро ифода мекунад: фаро гирифтан, фаро расидан...
Офтоб фурӯ рафт, торикӣ ҳам кам-кам дунёро фаро гирифт, ҳанӯз аз Бозор ва Сафар хабар нест (С. Айнӣ, Дохунда). Кадом Аҳмадбекро? — пурсид ҷавон дар ҳолате ки банохост вуҷудашро ҳаяҷоне фаро гирифту нафас дар гулӯяш печида буд (Ф. Муҳаммадиев, Сози Мунаввар).
Мавқеи префиксҳои калимасози феъл нисбат ба префиксҳои шаклсози ме- ва на-
Дар забони адабии ҳозираи тоҷик ҳангоми бо префиксҳои шаклсози феъл ме- ва на- омадани феълҳо мавқеи баъзе аз префиксҳои калимасози феъл устувор, баъзеаш ноустувор аст.
Чунончи, мавқеи префиксҳои бар-, дар- дар аксарияти феълҳо устувор аст, бинобар ин префикси ме- ва на- пеш аз онҳо меояд: баромад — набаромад — мебаромад — намебаромад; даромад — надаромад — медаромад — намедаромад ва м. ин.
Дар баъзе феълҳо мавқеи бар-, дар- ноустувор буда, префиксҳои ме- ва на- пас аз онҳо меоянд: даргирифт — дарнагирифт — дармегирифт — дарнамегирад; баргашт — барнагашт — бармегардад — барнамегардад...
Префиксҳои фур-//фар дар ҷои худ муқиманд, аз ин ҷиҳат префиксҳои ме- ва на- пеш аз онҳо меоянд: фуромаД — нафуромаД — мефуромаД — намефуромаД...
Дар феълҳои бо префикси боз- ва во- сохташуда ме- ва на- пас аз ин префиксҳо меояд: бозгашт — бознагашт — бозмегашт — бознамегардад; вохӯрд — вонахӯрд — вомехӯрд — во намехӯрад.
Акнун шилдирас зада садо мебарорад ва сангрезаҳоро ғелонда ба чуқуриҳои гузаргоҳи худ хобонда, роҳи худро ҳамвор мекунад. — Боз агар як миқдор роҳ равед, ниҳоят ба миёнаҷои дара мерасед, ки дар он ҷо аз як чашмаи равони шаршарадоре, ки аз камари кӯҳ шаррос зада мефурояд, чӯйи пуробе

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо