Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
сар бардошт (Ҳ. Карим, Оқшуда). Баъди як моҳ Аҳмад-бек аз саф баргашт. — Мард ба тарафи духтарак ҳам шуда, аз қутгие, ки дар поёни кабина, дар муқобили ӯ воқеъ буд, саҷоқеро баровард (Ф. Муҳаммадиев, Сози Мунаввар).
- Префикси дар- бо феъл омада, маънои равон шудан ба дарун, дар ҳолате буданро мефаҳмонад. Чунончи: омадан — даромадан, овардан — даровардан, афтодан — дарафтодан, гирифтан — даргирифтан, мондан — дармондан, гузаштан — даргузаштан, расидан — даррасидан, ёфтан — дарёфтан ва ғай-ра.
Кампир баромада рафту пас аз дақиқае Насимҷон ба хона даромад.— Насимҷон давида рафта, холаашро бардошта гирифт ва садқаю балогарддон шуда, ба хона дароварду ба замин гузошт (Ҷ. Икромӣ, Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро). Ва ба хаёлаш дарҳол зарбулмасали машҳури халқ «аввал пурсиш, баъд кӯшиш» даррасид (Ҳ. Карим, Оқшуда). Худат дарёб. Қаҳрат наояд (Ф. Муҳаммадиев, Сози Мунаввар).
- Префикси боз- маънои феълро қувват медиҳад ва тобиши нави маъной пайдо мекунонад: доштан — боздоштан, гаштан — бозгаштан, истодан — бозистодан, мондан — бозмондан, хостан — бозхостан.
Бо шунидани ин сухани ман Қорӣ-ишкамба аз роҳ рафтан бозистод (С. Айнӣ, Марги судхӯр). Синааш, ки чун дами оҳангарӣ пасту баланд мешуд, оҳиста-оҳиста гӯё аз ҳаракат бозмонд (Р. Ҷалил, Шӯроб). Милиционерҳо сагҳоро ронда, онҳоро боздоштанд (Ҷ. Икромӣ, Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро).
- Префикси во- маънои ҳаракат ба сӯи предмет ва тобишҳои дигари маъноиро ифода мекунад: хӯрдан — вохӯр-дан (рӯ ба рӯ шудан), намудан — вонамудан (нишон додан), растан — ворастан ва ғайра :
Гоҳо аспакие ё аробае помехӯраду бас (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ). Он марди ношинос худро сайёҳ вонамуд.
- Префикси фур- (аз фурӯ ва фуруд) ба феъл илова шуда, ба он маънои ба поён равона шуданро медиҳад ва монанди префикси во- каммаҳсул аст. Чунончи: омадан — фуромадан, овардан — фуровардан:
Дар ҳар ҷанге инҳо шамшерро луч карда, тӯғрӣ ба атака фуромадан мегиранд (Ҳ. Карим, Оқшуда). Қодирову соҳибхо-на пасу пеш фуромада, ба ҳавлӣ даромаданд.— Ҳар ду ба қишлоқ фуромаданд (Р. Ҷалил, Шӯроб). Мо борҳоро фуровар-дем.
- Префикси фар- ҳамчун вариант айнан тобиши маъноии префикси фур-ро дорад: фаромадан//фуромадан, фаровардан //фуровардан.
Фузайл суханашро ҳанӯз тамом накарда буд, ки аз тарафи Ҳоит дар аспи калони чирани кафккарда як савора тозон рост ба пеши ӯ омад ва дарҳол аз аспаш фаромад (Ҳ. Карим,

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо