Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
Феълҳои содда
Феълҳое, ки аз ҷиҳати сохти морфологӣ ба шакли холис (бе суффиксу префикси калимасоз) воқеъ шудаанд, феъли содда номида мешаванд. Масалан: афтидан, боридан, бурдан, гаштан, гузаштан, гуфтан, давидан, дидан, додан, доштан, дӯхтан, ёфтан, задан, истодан, кофтан, кушодан, ларзидан, мондан.
Феълҳои омадан, овардан, андохтан, пазируфтан ва пайвастан таърихан бо аффиксҳои о-, ан-, паз-, пай- сохта шудаанд. Вале бо мурури замон аз сабаби гум шудани тобиши маъноӣ ва ҳамчун калимаи рехта ба ҳам омехтани ҷузъҳо ба гурӯҳи феълҳои содда дохил шудаанд.
Феълҳои сохта
Феълҳое, ки ба воситаи префикс ва суффикси калимасози феъл сохта шудаанд, феъли сохта ном доранд. Чунончи: бардоштан, даромадан, бозгаштан, вохӯрдан, талабидан, коллективонидан, хонондан, шӯёндан ва ғайра.
Аффиксҳои калимасоз на танҳо маънии луғавии феълҳоро тағйир медиҳанд, балки баъзе аз онҳо тобишҳои грамматикӣ низ ба вуҷуд меоваранд. Воситаҳои калимасози феъл инҳоянд:
Префиксои феълсоз
Дар забони ҳозираи тоҷик бо префиксҳо сохта шудани феълҳо чандон сермаҳсул набошад ҳам, аҳамияти калимасозии онҳо зиёд аст. Префиксои маъмули забони ҳозира инҳоянд:
- Префикси бар-. Ин префикс дар феъл маънои ба боло, бар рӯй ва сатҳ ҳаракат доштанро ба вуҷуд меоварад. Масалан: гаштан — баргаштан, дамидан — бардамидан, доштан — бардоштан, ниҳодан — барниҳодан, овардан — баровардан, омадан — баромадан, хостан — бархостан, ҷастан — барҷастан ва ғ.
Префикси бар- дар баъзе феълҳо тобише ба вуҷуд оварда, маънои луғавии феълро тағйир диҳад ҳам, маънои аввалии худи он префикс нигоҳ дошта намешавад: задан — барзадан, кашидан — баркашидан, хӯрдан — бархӯрдан, гузидан — баргузидан (интихоб кардан) ва м. ин.
Ҳар се аз ҷо бархостанд, берун баромаданд. — Инро пай бурда, вай боз зӯр зад, боз тамошобинон ғулгула бардоштанд (Ҷ. Икромӣ, Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро). Қотиб аз болои когаз

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо